Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод - мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем
Menu Schließen
Зиндагии Исои Масеҳ
Ном: Исои Масеҳ
Ҷои истиқомат: Носира
Ҷои таваллуд: Байт-Лаҳм
Синну сол: 33 сола
Ихтисос:

дуредгар ва муаллими сайёр

Хосият: шахсияти таъсирбахш
Айбнома: мегӯяд, ки Ӯ Писари Худост
Айбдоркунанда: факултаи илоҳиёт дар Уршалим
Ҳукми суд: марг ба воситаи салиб

 

Порчаҳо аз раванди суд

 

Пилотус, ҳокими румии вилояти Яҳудо, ҳангоми пурсукови дутарафа Исоро қасам дода мегӯяд, ки ҷавоб диҳад:

 

«Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?»

 

Исо ҷавоб дод:

 

«Ту мегӯӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад».

 

Вақти воқеа – соли 33-юми милодӣ:

Мехкӯб шудани Исо

Баъди бо фармони Пилотус қамчинкорӣ кардан, Исоро ба гурӯҳи ҷаллодон супурданд. Навбат ба маросими масхара расид. Ва тоҷе аз хор бофта ба сари Исо пӯшонданд. Хорҳои дарозу тез ба сари Ӯ халиданд. Сипас ба сари Ӯ бо чӯб зарбаҳои сахт заданд. Пур аз хун, Исо пеши ҷаллодони Худ меистад. Онҳо таҳқир карданро давом дода, бар Ӯ ҷомаи арғувонӣ мепӯшонанд, то ки бузургии подшоҳиро хотирнишон намоянд.

Сипас, масхаракунон назди Ӯ зону мезананд, саҷда мебаранд, ва бо суханони нешдор Ӯро муборакбод хонда, мегӯянд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» Дар роҳ ба сӯи қатлгоҳ Ӯ тамоман беҳол мешавад. Бурдани салиби Исо ба шахси дигар фармуда мешавад.

Сипас қатл. Маҳкумшудаи лучро дағалона ба салиби дар замин хобида мепартоянд. Дасту пои Исоро бо мехҳои калон ба он мекӯбанд. Салиби 3-метраро бо Мехкӯбшуда бардошта устувор мекунанд.

Баъзе бекорхӯҷаҳоро тарс фаро мегирад. Дар рӯи баъзеи дигар нафрати сахт дида мешавад. Ногаҳон ҳама ҷоро торикӣ фаро мегирад.

Ба ҳар тараф оромии даҳшатовар паҳн мешавад. Се соати торикӣ! Вақт ба таври тоқатфарсооҳиста тӯл мекашад.

Соати сеи пас аз нисфирӯзӣ аз салиб фарёди баланд садо медиҳад.

Сипас Исо бо овози баланд хитоб мекунад:

«ИҶРО ШУД!»

Ӯ мемурад. Ва дар ҳамон лаҳза – гулдурроси раъд – заминҷунбӣ.

Таконҳои пуршиддат кӯҳҳои сангинро ба ларзиш меоранд. Заминҷунбӣ – ҳодисаи даҳшатовари табиат.

Мирисади маргвор рангпарида, ки сардори гурӯҳи ҷаллодон буд, аз Исои мурдаистода чашм наканда мегӯяд:

«Дар ҳақиқат Ӯ Писари Худо буд!»

 

Исо дар салиб – қуллаи муҳаббати Худо

«Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро, ва он ҷинояткоронро – яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш – маслуб карданд.

Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд, чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд.

Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад».

Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ». Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд : «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».

Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ».

Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст».

Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар

Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».

Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт: офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.

Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт : «Эй падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.

Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд, ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам одил буд».

Инҷил, Луқо 23:33-47

Не, ин шикасти беқувватӣ набуд, балки нақшаи аҷоиби наҷот, ки Худо кашидааст. На мағлубияти оҷизона, балки пирӯзии бошукӯҳ.

Исо назди мо ҳамчун Наҷоткор омад, то ки моро аз ҳалокати даҳшатнок ва дузах халос кунад. Марги Ӯ дар салиб сазо барои гуноҳҳо ва ҷиноятҳои мо буд, ки моро аз доварии Худо раҳо намуд.

Ғазаби поки Худо ба сари Исо, ки гуноҳҳои моро ба Худ гирифт, рехт. Ҳамаи мо қонунҳои Худоро вайрон кардаем. Ҳама, бе истисно!

Аммо ба ҷои мо дар салиб қурбонӣ шудани Исо ба мо осоиштагӣ бо Худо бахшид; ва агар ҳар гуна одам ҳақиқатан тавба кунад, хуни рехташудаи Исо вайро аз айб ва гуноҳ тоза мекунад.

«Иҷро шуд!» – бошукӯҳтарин нидои пирӯзист!

 

Ҳеҷ кас мисли Исои Масеҳ ҷаҳонро дигаргун карда натавонист

Ӯ сухани Худро бо қудрати махсус мавъиза мекард. Қайд кардан шавқовар аст: 90% қонунҳо ва маданияти ғарб дар ҳамаи гуногунии худ дар асл аз Навиштаи Пок баромадаанд.

Дар Навиштаи Пок оиди оиладоршавӣ ва оиладорӣ, қадру қимати одам, муҳити атроф ва оиди масъалаҳои ҷамъиятӣ навишта шудааст.

Исо Худро пурра бо суханони Навиштаи Пок ҳаммонанд мекард. Ҳамин тавр Ӯ Сухани Худо дар ҷисм гардид. Аслан мо танҳо ба воситаи Ӯ Худо ва муҳаббати беканори Ӯро нисбати худ, одамон, шинохта метавонем.

Барои ҳамин Исо ба назди мо омад. Барои ҳамин Ӯ мисли мо одам шуд. Аммо дар баробари ин Ӯ гуноҳ надошт. Ӯ Сухани зиндаи Худо буд. Худо буд, ки Ӯро ламс кардан имкон дошт.

Дар Навиштаи Пок маҳз ҳамин тавр гуфта шудааст:

«Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд… ва мо ҷалоли Ӯро дидем…» (Инҷил, Юҳанно 1:14).

Ба воситаи Исо Худо бо мо ба забони одамӣ ва дар айни замон илоҳӣ сухан гуфт. Дар Инҷил, Нома ба Ибриён 1:1-2 навишта шудааст:

«Худое ки аз қадимулайём борҳо ва бо тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст. Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд…».

Кушоду равшан сухан меронд.

Scroll Up