Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод - мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем
Menu Schließen
Исо зинда аст!

Ғайбатҳо вобаста ба шахсияти Исо охир надоштанд…

Ҳамон вақт матбуот аз чунин хабарҳои ҳангомаомез пур буда метавонист:

Уршалим:

Воқеаи ҳайратангез! Исои қатлшуда зинда аст!

Дар рӯзи сеюм Исо бо шогирдони Худ вомехӯрад!

500 одам мегӯянд, ки Ӯро дидаанд! Оё марги Исо клиникӣ буд?

Кӯшиши бебарор барои хобондани ҷанҷол!

Пора додан ба гурӯҳи посбонон. Шарт: овоза накардан! Комилан махфӣ!

 

Исо зинда аст!

Одаме ки ба таври илмӣ фикр мекунад, медонад: санҷиши ҳар як ақида, агар ба асоси он маълумоти ибтидоии якхеларо гирем, ҳамеша ба ҳамон як натиҷа меояд. Масалан: агар ду сими гуногун қутбро бo ҳам пайваст кунед, расиши кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин на муҳити атроф, на вақти шабонарӯз, на мамлакате, ки дар он санҷиш гузаронида мешавад, аҳамият надорад. Натиҷа ҳамеша як хел мешавад: амали қувваи ҷараёни электрикӣ. Ва воқеӣ будани қувваи электрикиро рад кардан беақлӣ аст.

Бо Исо низ айнан ҳамин тавр. Ақидаро, ки Исо зинда аст ва Ӯро ҳақиқатан ҳис кардан мумкин аст, ҳар кас дар ҳар вақт фаҳмида метавонад. Одамоне ки дар давоми наслҳои зиёд ба Исо бовар мекарданд, дар амал фаҳмиданд, ки Ӯ наҷот, шифо, паноҳ ва халосӣ медиҳад. Ӯ наҷот медиҳад ва аз нокомон одамони тамоман нав месозад. Бо Ӯ онҳо бар гуноҳ комёб шуда, торикиро шикаст медиҳанд.

Исо воқеист! Ӯ зинда! Дар гузашта ва ҳозир! Бо ӯ шахсан вохӯрдан мумкин аст.

 

Исо аз мурдагон бархост!

 Ӯ ғолиби гуноҳ, марг ва шайтон аст.

 «Дар рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд; вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст, ва чун дохил шуданд, ҷасади Исои Худовандро наёфтанд.

 Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.

 Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед?

 Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳё шуд; ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда, гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳё шавад».нИнҷил, Луқо 24:1-7.

 «Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод». Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд;

 Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад? Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».

 Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод. Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?»

 Пеши Ӯ як порча моҳии бирён ва андаке асали мумдор монданд; ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. Ва ба онҳо гуфт:

 «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман Навишта шудааст, бояд ба амал ояд».

 Инҷил, Луқо 24:36-44.

 

Не, Исо дар қабр намонд. Дар рӯзи сеюм Ӯ аз мурдагон бархост. Ӯ имрӯз низ зинда аст! Ва азбаски Ӯ зинда аст, ҳар ки ба Исои Масеҳ бовар мекунад, ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оварда метавонад.

 Мо ба василаи бовари худ ба Худованд Исои Масеҳ ба растохези пирӯзи Ӯ ҳамроҳ мешавем. Қувваи растохези Масеҳ барои мо ба номи Исои Масеҳ кафолати ғалаба бар гуноҳ, марг ва шайтон аст.

 Асосгузорони динҳои дигар чӣ? Охир, онҳо низ одамони зиёдро аз ақиби худ кашидаанд. Аммо имрӯз онҳо дар куҷоянд? Мурданд, мисли ҳама одамони оддӣ. Онҳо мирандаҳои оддӣ буданд, ки ҳаёташон бо нафаси охирин ба охир расид.

 

Аммо Исо зинда аст! 

Ӯ дар бораи Худаш чунин мегӯяд:

«…Манам Аввалин ва Охирин ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам» (Инҷил, Ваҳй 1:17-18).

 

Ин Исо кӣ будааст?

Дар шаҳр шӯру ғавғо.

Дар ҳамаи кӯчаҳои Уршалим одамон пичир-пичир мекунанд ва навид мерасонанд.

Оё хатои ҳуқуқӣ рӯй дода буд? Ва умуман, барои чӣ ин Исо бояд мемурд? Барои чӣ?

Барои чӣ пирон Ӯро сазовори марг донистанд?

 Як чиз аниқ аст: одамони оддӣ дар айни ҳол тарафдори Исо буданд.

 Ва агар онҳо пештар имконияти интихоб карданро медоштанд, албатта онҳо Ӯро интихоб мекарданд.

 Дар ниҳояти кор маҳз Ӯ ба ҳокимияти ишғолгарон – ашрофони румӣ муқобилат карда метавонист.

 

Аммо ҳама чиз тамоман дигар хел шуд…

Дар рӯзҳои минбаъда низ гап-гапи Исо тамом намешуд. Рӯз то рӯз шумораи онҳое ки худро ошкоро пайравони Исо меномиданд, зиёд мешуд. Баъзеи дигар аз тарси хабаркашон пинҳонӣ ҷамъ мешуданд. Ниҳоят онҳо низ рӯйрост нақл мекарданд, ки Исои аз мурдагон бархоста ба онҳо шахсан зоҳир шудааст. Чӣ суханони хатарнок!

Каму беш ҳаяҷон ҳамаро фаро мегирифт. Аз сирре ки ба шахсияти Исо алоқаманд буд, сар мекафид.

Ин Одам дар айни ҳол Кӣ буд? Гумроҳкунандаи халқ? Шӯришгари якка, ки гирифтори майли дигаркунии ҷамъият гаштааст? Одами бебарор? Ё ба ҳар ҳол Ӯ пайғамбари Худо буд?

Оё Ӯ бузургтарин фиребгари ҳамаи замонҳо буд, ки ба ҳама осмонро ваъда намуд, аммо ҳамчун ҷинояткори хатарнок дар салиб мехкӯб шуд?

Ё Ӯ ҳамоне буд, ки Худро меномид:

Масеҳ, Писари Худои Ҷонофарин?

Он гоҳ – тамом!

Барои аксарият аниқ буд: Савол оиди Исо бояд ҷавоби худро ёбад. Он имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Аммо чӣ гуна ва аз куҷо ҷавоб ёбем?

Дар баробари ин оиди мӯъҷизаҳое ки Исо мекард, мубоҳиса кардан имкон надошт. Ба воситаи Ӯ чизҳои ақлнорас ба вуҷуд меомаданд: мӯъҷизаҳо, аломатҳо, амалҳои пурқудрат, ки халқро ба ҳайрат меоварданд.

Одамоне ки Ӯ ба онҳо ёрӣ дод, боварӣ доранд, ки:

 Исо аз ҳама фарқ мекунад.

Scroll Up