Menu Schließen
Оё Исо кӯшиш мекард, ки дар тамоми дунё машҳур шавад?

Ҳаргиз! Охир Худи Ӯ гуфта буд:

 

«Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Инҷил, Юҳанно 18:13).

 

 Агар Исо ба номдор шудани Худ аҳамият медод, он гоҳ Ӯ ҳамчун сарлашкар меомад, то ҷаҳонро барои Худ «забт» кунад. Ӯ ҳамчун шоҳ дар қаср таваллуд мешуд.

 Аммо ба ҳар ҳол ин ҳикояҳои сентименталӣ чӣ лозим? Дар бораи таваллуд дар оғили ночиз? Дар деҳаи дурафтодаи Байт-Лаҳм? Дар шароити камбағалона? Саволҳо, саволҳо…

 

 Ба ҳар ҳол таъсиреро, ки Исо ба воқеаҳои ҷаҳон бахшидааст, аз будаш зиёд қадр кардан имкон надорад. Таълимоти илоҳӣ ва мавъизаи ба куллӣ тағйирдиҳандаи Ӯ оиди муҳаббат ва раҳмдилии Худо барои миллионҳо одамон боиси шифо, наҷот ва зиндагии ҷовидонӣ шуданд. Ҳамон замонҳо – дар Исроил, дертар ва то ҳозир – дар тамоми ҷаҳон.

 

Пешгӯиҳои Худо ба халқи Исроил, Исои Масеҳ ва Навиштаи Пок ба таври доимӣ бо ҳам вобаста мебошанд. Исои Масеҳ даъвати Худо ба ҷаҳони бе умед мурдаистода аст.

Барои дидани ин чашмоне лозиманд, ки Худо онҳоро кушодааст. Ҳар касе ки то ҳол Худо ва Писари Ӯ Исои Масеҳро поймол мекунад, бояд донад, ки дар Навиштаи Пок нисбати онҳо чӣ гуфта шудааст.

Одамоне ки ба худ такрор ба такрор «Худо нест» мегӯянд, дар айни ҳол аз ҳақиқат ҷудо зиндагӣ мекунанд.

”Нокас дар дили худ гуфт: Худо нест. Онҳо фосид шудаанд, корҳои зишт кардаанд; некӯкоре нест” (Забур 13:1).

Худо ҳақиқатро аз одамони ҳавобаланд пинҳон кард, аммо ба соддадилон онро кушод.

”…Исо суханашро давом дода, гуфт: Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ” (Инҷил, Матто 11:25).

Scroll Up