Menu Schließen
"The Passion"
– Азобу уқубати Исои Масеҳ

Андешаҳо оиди кинофилми «The Passion of Тhe Christ»

 

Филмҳои зиёд дар бораи Исои Масеҳ бароварда шудаанд. Лекин ҳеҷ кадоме аз онҳо ин қадар машҳурият монанди “The Passion” пайдо накардааст. Инчунин ҳеҷ филм он қадар баҳсу мунозира ба майдон наовардааст.

Филми “The Passion” аз филмҳои дигар дар бораи Исои Масеҳ асосан дар ду чиз фарқ мекунад: якум – филм даҳшати куштани Масеҳро бераҳмонона тасвир мекунад, дуюм – кӯшиши режиссёр маълум аст, ки ҳодисаҳои таърихӣ аниқ мувофиқи китоби Инҷил акс ёбанд.

Режиссёр Мел Гибсон тамошобинонро дар худи саршавии филм аз мақсадаш огоҳ мекунад. Ҳамчун сарлавҳа ё роҳнамо барои дақиқаҳои баъдина дар экран оятe aз китоби Ишаъёи пайғамбар зоҳир мешавад:

“Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем“ (Ишаъё 53:5).

Яъне мақсади Мел Гибсон он аст, ки азобу уқубати Исоро на танҳо ҳамчун ҳодисае ки мо мушоҳида мекунем, нишон диҳад, балки чун вокеае ки дар нақшаи Худо буд. Аз Тавроту Инҷил мо мефаҳмем: Худо мехоҳад одамонро аз гуноҳҳояшон раҳо кунад. Исои Масеҳ ба салиб тоб овард, то ба ҷои гуноҳкорон ҷазои Худоро ба гардан гирад ва онҳоро раҳо кунад. ”The Passion” маълум мекунад: нархи ин раҳоӣ беҳад бузург буд.Мехкӯб шудан дар салиб қатли шадиду даҳшатнок буд. Филм инро кушоду равшан нишон медиҳад.

Ишаъёи пайғамбар чанд аср пеш аз ин воқеаҳо дар бораи Раҳонандаи оянда чунин навиштааст:

“Чунон ки бисёр касон аз Ту дар ҳайрат монда буданд, – зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс, ва симои Ӯаз банӣ одам бештар маиб шуда буд“ (Ишаъё 52:14).

“Ӯ нафратовар буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ нафратовар буд, ва мо Ӯро писанд намекардем“ (Ишаъё 53:3).

Албатта, филми Мел Гибсон низ танҳо як кӯшиши дигари тасвир намудани марги Писари Худост. Агарчи баъзе аз воқеаҳои тасвиршуда дар матни китоби Инҷил ёфт намешаванд (масалан нақши Марям дар сари роҳ ба Ҷолҷолто; озмоиши Исо ба воситаи шайтон дар боғи Ҷатсамонӣ), мо бо ҳодисаҳое ки соли 32-юми милодӣ дар Уршалим рӯй додаанд, ба воситаи ин филм ба таври хеле воқеӣ рӯ ва рӯ мешавем.

Дар китоби Инҷил ба мо фаҳмондамешавад, ки барои чӣ Исои Носирӣ кушта шуд: Ӯ бояд гуноҳҳои моро бо хуни Худ рӯйпӯш мекард, чунки “бе рехтани хун омурзиш нест” (Инҷил, Ибриён 9:22).

Оё ин беҳад даҳшатнок аст? Бале, ин беҳад даҳшатнок аст. Лекин Худо меҳри Худро нисбати мо ҳамин тавр изҳор кард:

“Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд” (Инҷил, Румиён 5:8).

Ягона одами беайб ба ҷои гуноҳкорон мурд. Танҳо хуни Ӯ тавонист гуноҳҳои одамизодро рӯйпӯш кунад. Аз он замон сар карда то имрӯз Худо ҳамаи одамонро даъват мекунад, то ки аз гуноҳҳояшон рӯй гардонда ин қурбониро бо бовар қабул кунанд.

Дине ки дар асбоби одамкушӣ асос меёбад? Боваре ки таҳкурсияш қатл аст? Мумкин, ин маъқул нест, лекин САЛИБ маркази бовари масеҳӣ мебошад. Умуман принсипи динҳои одамӣ хариду фурӯш аст. Роҳи Худо бошад – ато кардан ва наҷот додан!

Барои баъзеҳо САЛИБ аҳмақӣ аст, дигарҳо бошанд дар он ҷалол ва меҳри Худоро мебинанд.

Ту дар кадом тараф меистӣ?

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ