Menu Schließen
Тиллоро ба даст овар!

Олимпиада

 

Дар ҳар чор сол як бор тақрибан аз 197 кишвари ҷаҳон варзишгарон ба бозиҳои тобистонаи oлимпӣ ҷамъ мешаванд. Аксари онҳо ҷавонанд – беҳтаринҳои кишварашон. Фаъолият ва ғайрати онҳо бемонанд аст. Ҳукуматҳо барои варзишгарони дуввумдараҷа пул харҷ намекунанд.

Тайёрӣ

Он ҷавонони ғайриоддӣ чӣ тавр ҷудо карда мешаванд? Пеш аз иштирок дар олимпиада онҳо қариб беист машқ мекунанд. Масалан, як шиновар гуфт, ки ӯ ҳафтае шаш рӯз даҳсоатӣ машқ мекард ва ҳамин тавр дар тӯли 17 сол давом медод! Чунин ғайрат хоси ғолибон аст. Дар пушти ҳар як медали тилло, нуқра ва биринҷӣ чандин сол машқи мунтазам меистад.

Манбаи ғайрат

Чунин бозингарон дорои манбаи бемонанди ғайрат ҳастанд. Онҳо ягона мақсад доранд: тилло. Лаҳзае ки доварони варзиш ба гардани онҳо медалро меовезанд, ҳамеша дар пеши чашмони онҳост. Онҳо дар хоб ғарқи кафкӯбиҳои тамошобинон мешаванд. Тамоми фикру хаёлашон дар атрофи як чиз давр мезанад. Онҳо барои чизҳои беаҳамият вақт надоранд. Ягон дард ё сустӣ онҳоро аз мақсади дар пеш буда дур карда наметавонад. Танҳо як фикр тамоми андешаронияшон фаро мегирад: медали тилло!

Бадан ба интизом мутеъ мешавад. Онҳо аз хӯрокҳо ё нӯшокиҳои дӯстдошта даст мекашанд, зеро медонанд, ки агар ҳамин тавр накунанд, пирӯзӣ ба даст намеояд.

Мусобиқа

Олимпиада авҷи ҳаёт, нишони орзуи ҳар варзишгари ҷиддӣ аст. Онҳо барои ин ҷон коҳонда, машқ мекунанд. Ҳангоми ба майдон баромада саф кашидан дар чеҳраашон ифодаи устуворӣ пайдо мешавад. Табассум ё хандаи шармгинона нест. Онҳо тайёранд тамоми ҳастияшонро сарф намоянд. Ҳар асаб таранг, ҳар мушак кашида шудааст.

Либоси халалрасонандаро аз тан дур мекунанд. Акнун вақти дар бар кардани либоси чашмрас ва зевари ҷилодор нест. Арзише нест, ки онҳо ба додани он розӣ набошанд.

Масеҳиёне ки олимпиадаро тамошо мекунанд, ҳис мекунанд, ки ҳамаи ин бо ҳаёти масеҳӣ робитаи рӯҳонӣ дорад. Монандиҳо ва фарқиятҳо ба чашм намоёнанд. Худо ҷанговарони зӯртаринро хоҳон аст. Бинобар ин, на онҳое ки ҷаҳон онҳоро интихоб карда метавонист, балки ҳамон касон беҳтаринҳо ҳастанд, ки дунё онҳоро нодон, беэътибор ё беқадр мешуморад (1Қӯр. 1:27,28). Дар назари Худо беҳтаринҳо он касон ҳастанд, ки чизҳои беҳтарини худро ба Худо медиҳанд, зеро медонанд, ки Ӯ шоистаи он аст, то тамоми қувваташонро ба Ӯ бахшанд.

Барои Худованд беҳтарин вақт ҷавонии одам аст, то Ӯ ба рӯҳу ҷони вай таъсир кунад. Чуноне ки мегӯянд, химчаро дар намӣ бояд тоб дод. Дар он замон қувват бисёр ва ақл ҳушёр аст.

Масеҳиён низ бояд машқ кунанд. Худо моро даъват мекунад, ки покиро ба амал оварем: «На ба иқтидори асп майл дорад, на ба соқҳои одам таваҷҷӯҳ мекунад; Худованд ба тарсгорони Худ таваҷҷӯҳ менамояд, ва ба онҳое ки ба эҳсони Ӯ умедворанд» (Заб. 146:10.11). Машқи мо на ҷисмонист. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад» (1Тим. 4:8). Ин маънои он дорад, ки мо бояд аз ифлосии ин дунё канорагирӣ кунем ва вақтро бо Худо дар хондани Китоби Муқаддас, бо дуо ва бо мулоҳиза гузаронем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҳаётамонро зери итоати Каломи Худо гузорем. Павлус низ шояд бозиҳои қадимии олимпиро дар назар дошт, ҳангоме менавишт: «Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед… ман медавам на он тавре ки бе фоида бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад, балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, маҳрум набошам» (1Қӯр. 9:24.26.27).

Мо бояд ба як нуқта назар андозем. Назари мо бештар ба Исои Масеҳ, сарвар ва комилкунандаи имони мо бошад. Аз парешонаҳволӣ канорагирӣ кунем. Сперчен гуфтааст: «Агар ту мурдани Исоро дида бошӣ, ту ҳеҷ гоҳ дигар барои чизи беҳуда қувват сарф карда наметавонӣ.» Исои Масеҳ ҳама чиз барои ту додааст. Ту барои Ӯ чӣ медиҳӣ?

(Мақола қисман аз китоби Вилям Макдоналд “Дили ман, ҳаёти ман, вуҷуди ман” тарҷума шудааст.)

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ