Menu Schließen
Аз нафрат ба муҳаббат

Ман дар деҳот дар оилаи коргарони оддӣ ба дунё омадаам. То синни мактабӣ зиндагиамро хуб дар хотир надорам, аммо модарам мегуфтанд, ки ҳамааш нағз буд. Ҳангоми талабаи синфи “1” ва “2” буданам, бисёр вақт маҷбур мешудам дар хона монда, ба додарону хоҳаронам нигаҳбонӣ кунам, ва ин боиси он мегардид, ки муаллима маро сарзаниш кунад. Албатта, ман дарсгурез будан намехостам, аммо модарам аз ӯҳдаи нигаҳбонии ҳамаи фарзандон намебаромад, зеро барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ бениҳоят бисёр кор мекард.

Падарам майпараст буда, ба хона ҳеҷ чиз намеовард, ва дар баробари ин ману модарамро лату кӯб мекард. Ман орзуву ҳавасҳои зиёде доштам. Мехостам шахси донишманд шуда, дорои сарват, хонаи пуршукӯҳ, мошини гаронбаҳо ва симои зебо бошам. Шароити хона бароям номусоид буд ва ҳаётро аз боиси мушкилиҳои доштаам сахт бад медидам.

Дар мактаб ва кӯчаҳо маро ланг номида, масхара мекарданд. Аз боиси пул ва сару либос надоштан ба ягон ҷой рафта наметавонистам. Баъзан 2 ё 3 рӯз гурусна гашта, маҷбур мешудам, ки дар хонаҳои мардум кор бикунам, то барои худ луқмаи нон пайдо намоям. Агарчи наврас бошам ҳам, дар бaробари калонсолон пахтачинӣ мекардам. Дар ҳавои хунук бо калӯшҳои дарида ғӯзапоя чида, назди дари ҳамсоягон рафта, харидор меҷустам ва ё онро ба нон иваз мекардам. Китобхониро дӯст дошта, бисёр забонҳои гуногунро донистан мехостам.

Зидди Худо сухан гуфта, бо Ӯ ҷанг мекардам. Модарам инро дида, маро огоҳ мекард, ки агар чунин карданро давом диҳам, ҳатман боиси лаънат хоҳам шуд. Ман мегуфтам, ки аз ин гуна ҳаёт ба сар бурдан мурдан беҳ аст. Қариб ҳама вақт гириста, ба Худо шикоят мекардам, ки барои чӣ ба ман ҳаёт бахшидааст. Дар давраи кӯдакиам ҳамсолонамро бад дида, нисбати одамон нафрат ва нобоварӣ доштам.

Соли 1996 мактаби миёнаро хатм намуда, ба яке аз омӯзишгоҳҳои ш. Душанбе дохил шудам, то дар соҳаи компютер донишандӯзӣ намоям. Дар ин омӯзишгоҳ асосан кӯдакони мактаб – интернат таҳсил менамуданд ва зиндагӣ мекарданд. Пеш аз дохил шудан модарам дар ҳаққи ман ғам мехӯрд, ки аҳволи ман дар ин шаҳри калон чӣ мешуда бошад, охир он бароям бегона буд. Аммо ман ба модарам ваъда додам, ки нағз рафтор намуда, хуб мехонам, то дорои касбу ҳунар гардам, ва ниҳоят вайро водор намудам, ки ба ман иҷозати дар Душанбе таҳсил карданро диҳад.

Ба хобгоҳи мо назди кӯдакони интернат масеҳиён меомаданд, ва ман бо онҳо шинос шудам. Онҳо маро ба калисои худ даъват намуда, ба ман китоби Инҷил, яъне Сухани Худоро тӯҳфа намуданд. Ман бори аввал шахсонеро дидам, ки рафтору кирдори нек дошта, барои ҳама чиз Худоро шукр мегуфтанд. Онҳо дар зиндагӣ ба Худо таваккал намуда, нисбати ёрони худ муҳаббат нишон медоданд.

Дар аввал ман нисбати онҳо ва кирдорашон чандон шавқи зиёд зоҳир намекардам. Аммо оҳиста-оҳиста Худои онҳо Исои Масеҳ дар дилам кор кард, ва ниҳоят ман соли 1997 дар пеши ин Худо, ки як вақтҳо бо Ӯ меҷангидам, ба ду зону нишаста, ба гуноҳкор будани худ иқрор шудам, ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо карда, наҷот ёфтам. Акнун ман соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шуда, дар роҳи рост собитқадамона қадам мезанам. Худое ки маро наҷот дод, доимо бо ман аст, ва маро дар ин зиндагӣ қувват мебахшад.

Ҳозир ман шавҳари масеҳӣ ва чор фарзанд дорам. Мо ҳаракат мекунем, ки мувофиқи хости Худо зиндагӣ кунем ва фарзандонро дар роҳи Худо тарбият намоем. Зиндагии оилавии ман аз зиндагии оилаи падару модарам хеле фарк мекунад. Гарчанде ман хонданро давом дода натавонистам, Худо ба ман вазифае дод: Ман ҳамчун муаллимаи мактаби якшанбегӣ ба кӯдакон дарси масеҳӣ медиҳам.

Аксар вақт нишаста, фикр мекунам, ки агар ҳамаи орзуҳоям ҷомаи амал мепӯшиданду ман Худоро намешинохтам, ҳеҷ бақт хушбахтии рӯҳониро намечашидам, ва дар дилам асло осоиштагӣ сокин намешуд. Ҳоло бошад ман тамоми кинаро аз дил партофта, дар сулҳ бо Худо зиндагӣ мекунам.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ