Menu Schließen
Истед!

Собир мехост ба Русия рафта мардикорӣ кунад. Тағояш инро шунида, ба ӯ ваъда дод, ки дар «черкизбозор» ба ӯ як кори хуб ёфта медиҳад. «Пули калон меёбӣ, ҷои хоб ҳаст, ҳама худӣ»,– мегуфт вай ба ӯ. Суханони тағояш ӯро хурсанд мекарданд. Собир аз хурсандӣ тағояшро ба оғӯш кашида, гуфт: «Тағоҷон, агар гуфтагиятон шавад, ман ба шумо як тӯҳфаи хеле хуб мекунам». Хуллас барои роҳкиро қарз бо панҷ фоиз ба зудӣ ёфт шуд. Баъд аз се рӯз Собир ба сафар тайёр буд. Занаш бо сеюм фарзанд ҳомила бошад ҳам, ба ояндаи дурахшон умед баст. Бо маоши ваъдашуда онҳо дар байни нӯҳ моҳ қарзро буд карда, дар Душанбе манзил харида метавонистанд. Агар кор боз каме давом диҳад, шояд як мошини «Газел» низ харида тавонанд. Бозбачаашонро хатнатӯй мекарданд. Дар дили Собир нақшаҳои нав ба нав охир надоштанд.

Дар қатора ӯ бо як азоб ба шаҳри Москва мерасад. Аз вокзал рост ба бозор. Ӯ аз саҳар то бегоҳ кор мекард. Ба кораш акнун як моҳ шуда бошад ҳам, аллакай пули қарзаш тайёр буд. Ӯ хурсанд буд, орзуҳояш ба ӯ қувват мебахшиданд. Ҳама чиз мувофиқи нақшаҳояш пеш мерафт, аммо… Собир ғарқи хаёл аз роҳ мегузашт. Ногаҳон садои баланд ба гӯшаш расид. Ғиҷирроси чархҳо,- зарба; осмон, дарахтон, одамон, хомӯшӣ, торикӣ.

Собир ба худ омада, фаҳмид, ки дар шӯъбаи эҳёшавӣ хобидааст. Ба ӯ гуфтанд, ки фақат як пояш шикастааст, вале ба ғайр аз баъзе захмҳои хурд ҳеҷ зарари дигаре надидааст. Ду моҳи оянда ӯ кор карда натавонист. Тағояш интизор нашуда ба ҷояш дигар касро монд. Собир маҷбур шуд, ки пули ҷамъкардаашро барои табобаташ сарф кунад. Сипас дар ҷустуҷӯи кори дигар моҳҳо гузаштанд.

Хуллас, баъди як сол, Собир касал, бе пул бо як азоб ба Душанбе баргашт. Аз рӯзи бозгашташ ӯ дигар ба берун намебаромад. Аз одамон шарм мекард. Фоизҳои қарзаш рӯз ба рӯз зиёд мешуданд. Қарздиҳандааш қариб ҳар рӯз дарашро мекӯфт. Хешутабор ӯро хор медиданд. Занаш аз ӯ безор шуда буд. Оила шикаст мехӯрд. Рӯзе Собир телевизор монда дид, ки дар ахбор диктор бо як ҳаяҷон эълон мекунад:«Тамошобинони мӯҳтарам, ба мо хабар расид, ки ба наздикӣ Исои Масеҳ барои ҳукм кардани ин ҷаҳонбармегардад…»

Бунафша муаллимаи меҳнатдӯст ва моҳир аст. Ҳоло 25 сол мешавад, ки ӯ дар омӯзишгоҳ дарс медиҳад. Донишҷӯён вайро дӯст медоранд, чунки бисёриҳодар дасти ӯ аълохон шудаанд. Бунафша дар кораш комёб бошад ҳам, дар зиндагии шахсӣ бахтро надидааст. Дар бистсолагияш ӯро саросема ба шавҳар доданд. Баъд аз панҷ соли пурғаму ташвиш шавҳараш ӯро партофта рафт. Як писар ва якчанд суратҳои кӯҳна мероси он замонҳо монданд. Бунафша, танҳо фарзандашро ба зӯрӣ хононда, ба донишгоҳ дохил кард.

Ӯ ҳар рӯз соати ҳафти саҳар аз хона баромада, сӯи омӯзишгоҳ мешитобад. Ҳафта ба ҳафта бе ягон дигаргунӣ. Фикру хаёл ҳама дар ғами рисқу рӯзӣ. Рӯзе ӯ дар ошхона ҳангоми пухтупаз радио гӯш мекард. Ногаҳон барномаи мусиқӣ қатъ шуда, сухангари ахбор ҷиддӣ эълон кард: «Шунавандагони мӯҳтарам, ба мо хабар расид, ки ба наздикӣ Исои Масеҳ барои ҳукм кардани ин ҷаҳон бармегардад… »

Гулбаҳор, модари се фарзанд, ба як ҳаяҷон гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошт. Духтари калониаш ба балоғат расидааст. Ӯро ба шавҳар додан лозим. Ҳоло вохӯрии ӯ бо зани холабачааш тасдиқ шуд.

Хешутабор акнун ба ин духтар шавқ изҳоркарда, хостгорӣ мекунанд. Духтараш ҳаждаҳсолабошад ҳам, меҳнатдӯст, чусту чолок, дар меҳмондориву пухтупаз моҳир, боадабу хушлиқост – хуллас, арӯси бехато. Баъди розигии тарафҳо Гулбаҳор бо кӯрпачадӯзӣ машғул мешавад. Аз ин ҷо ва он ҷо қарз гирифтан лозим омад. Рӯзи тӯй расид, ҳама шод ва хоҳишманди он буданд, ки бахти ин ду ҷавон сафед бошад. Домод дар ду корхона кор кунад ҳам, маошаш барои зиндагӣ камӣ мекард. Баъд аз ду моҳ арӯси нав ҳомила мешавад. Дар баробари ин хурсандӣ мушкилиҳо зиёд шудан гирифтанд. Дар оилаи нав норасоии хӯрок, пӯшок ва чизу чораи рӯзгор сабаби ҷанҷол мешуданд.

Гулбаҳор духтарашро бо телефон чандин бор насиҳат мекунад, ки сабру тоқат кунад, оҳиста-оҳиста ҳамааш нағз мешавад. Рӯзе Гулбаҳор дар хона бо ду фарзандаш назди телевизор нишаста, худ ба худ фикр мекард: «Наход духтарам бадбахт шавад». Ҳамин лаҳза филме ки онҳо тамошо мекарданд, қатъ гардида, ахбори бемаврид эълон карда мешавад. Гулбаҳор ва писару духтарчааш бо ҳайрат ба якдигар нигоҳ карда, ба телевизор чашм медӯзанд. Сухангӯи шинохтаи ахбор, бо овози ҷиддӣ эълон менамояд: «Тамошобинони мӯҳтарам, ба мо хабар расид, ки ба наздикӣ Исои Масеҳ барои ҳукм кардани ин ҷаҳон бармегардад…»

Дӯсти азиз, шояд шумо Собир, Бунафша ё Гулбаҳор барин одамонро шиносед ё дар симои онҳо ҳаёти худро бинед. Ин мақола шуморо дар зиндагиятон ба як «ИСТ!» даъват мекунад. Оё шумо боре андеша кардаед, ки аксарияти одамон монанди Собир, Бунафша ва Гулбаҳор зиндагӣ мекунанд, мисли он ки ҳеҷ вақт вафот намекарда бошанд?

Мисли он ки баъди марг зиндагӣ вуҷуд надорад. Дар Инҷил Исои Масеҳ мегӯяд, ки Ӯ бармегардад, то ки ин оламро ҳукм кунад. Ин ҳақиқат ба шумо ҳам дахл дорад.

Худо пок аст ва пеши Ӯ ҳама одамон гуноҳкор мебошанд. Ҳеҷ кас худро аз доғи гуноҳ сафед карда наметавонад. Бепарвоӣ нисбат ба Худо аз рӯи Инҷил дар ҳисоби гуноҳ аст.

Ба худ саволҳои зерин диҳед:

«ИСТ!» Худо маро барои чӣ офаридааст?

«ИСТ!»Худо дар бораи зиндагии ман чӣ мегӯяд?

«ИСТ!»Ман ояндаи ҷовидонаро дар куҷомегузаронам?

Дар китоби Инҷил ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб ёфта метавонед. Дар Инҷил Исои Масеҳ мегӯяд:

«МАН РОҲ ВА РОСТӢ ВА ҲАЁТ ҲАСТАМ. »

Рисола

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ