Аъмол, Боби 28

↑ мазмун

… (ояти 1-15)

Павлус дар Рум ва хизматгузории ӯ.

16. Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад.

17. Баъд аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: “Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супориданд;

18. Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам;

19. Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам;

20. Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо вохӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам“.

21. Ба ӯ гуфтанд: “Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё сухани баде нагуфтааст;

22. Лекин хоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд“.

23. Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.

24. Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.

Павлус ба халқҳо мавъиза мекунад.

25. Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: “Рӯҳулқудс ба василаи Ишаъёи набӣ ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:

26. ‘‘Назди ин қавм бирав ва бигӯ: бо гӯшҳои шунаво хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист, вале нахоҳед дид;

27. Зеро ки дили ин қавм сахт ва гӯшҳошон вазнин ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, то ки онҳоро шифо бахшам’’.

28. Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид“.

29. Чун инро гуфт, яҳудиён рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисёр мубоҳиса мекарданд.

30. Павлус ду соли тамом дар хонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазироӣ менамуд.

31. Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.

– охири китоби “Аъмоли фиристагон” –

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.