Menu Schließen

↑ мазмун

Муқаддима.

1. Номаи аввалро навиштам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,

2. То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯҳулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дода ва ба осмон бурда шуд;

Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳё шудан.

3. Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,

4. Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: “Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;

5. Зеро ки Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт“.

6. Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: “Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?“

7. Ба онҳо гуфт: “Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;

8. Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд“.

Ба осмон сууд кардани Исо.

9. Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.

10. Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд

11. Ва гуфтанд: “Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт“.

Интизорӣ ба Рӯҳулқудс.

12. Он гоҳ онҳо ба кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофаи роҳравии рӯзи шанбе воқеъ аст, сӯи Ерусалим равона шуданд.

13. Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталамо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;

14. Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.

Интихоб шудани Матёс.

15. Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:

16. „Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгӯӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд;

17. Вай ба мо мансуб гардида, насибе дар ин хизмат ёфт;

18. Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ мазраае харид ва бар он рӯйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд;

19. Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа бо забони онҳо Ҳақалдамо, яъне ’’Мазрааи хунин’’ номида шудаст.

20. Зеро дар китоби Забур навишта шудааст: ‘‘Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад’’; ва: ’’Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад’’.

21. Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт,

22. Яъне аз вақти таъмиди Яҳё то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳёи Ӯ бишавад“.

23. Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матёсро пешниҳод карданд,

24. Ва дуо карда, гуфтанд: “Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидаӣ,

25. То ки вай насибаи ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст“.

26. Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гашт.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up