Menu Schließen

↑ мазмун

Нозил шудани Рӯҳулқудс.

1. Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;

2. Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард,

3. Ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт.

4. Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд.

5. Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд.

6. Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони худаш сухани онҳоро мешунид.

7. Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: “Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд?

8. Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо суханони онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем?

9. Мо, ки потиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,

10. Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Қурин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд,

11. Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худ мешунавем“.

12. Ҳама мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: “Ин чӣ маъно дорад?“

13. Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд: “Инҳо май хӯрда, маст шудаанд“.

Мавъизаи Петрус.

14. Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: “Эй мардуми Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед, ва суханони маро гӯш кунед:

1. Ба амал омадани нубуввати Юил.

15. Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рӯз аст,

16. Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст:

17. ‘‘Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;

18. Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард;

19. Ва аз боло дар осмон мӯъҷизот ва аз поён дар замин аломот: хун ва оташ бухороти дуд ва зуҳур хоҳам овард:

20. Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, офтоб ва моҳ ба хун мубаддал хоҳад шуд;

21. Ва чунин хоҳад шуд, ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт’’

2. Аъмоли Исо исбот менамояд, ки Ӯ Худованд Худост.

22. Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирӣ Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо қувваҳо ва мӯъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ӯ содир кард, ба субут расид, чунон ки худатон низ медонед;

23. Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда куштед;

24. Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ӯро эҳё кард, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро дар қайдаш нигоҳ дорад“.

3. Довуд пешгӯи кардааст, ки Масеҳ баъд аз эҳё Подшоҳ хоҳад шуд.

25. Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ӯ мегӯяд: ’’Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст, то ки фирӯ нағалтам;

26. Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд.

27. Зеро ки ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки ки қудусси Ту фаноро бубинад.

28. Тариқи ҳаётро ба ман омӯхтаӣ ва бо ҳузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳӣ кард’’.

29. Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигӯям, ки ӯ вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мо боқист;

30. Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки дар тахти ӯ бинишонад.

31. Бинобар ин дар бораи эҳёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах намонад, ва ҷисми Ӯ фаноро надид“.

4. Исои маслубшуда Худованд ва Масеҳ аст.

32. Ҳамин Исоро Худо эҳё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем.

33. Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст.

34. Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегӯяд: ’’Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,

35. То ки душманонатро зери пои Ту андозам’’.

36. Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардонидааст“.

Калисои нахустин.

37. Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳамаи ҳаввориёни дигар гуфтанд: “Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?“

38. Петрус ба онҳо гуфт: “Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт;

39. Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро бихонад“.

40. Ӯ бо бисёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт: “Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!“

41. Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд,

42. Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.

43. Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад.

44. Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд:

45. Молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷи ҳар кас, тақсим мекарданд;

46. Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд,

47. Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up