Аъмол, Боби 4

↑ мазмун

Таъқиботи аввалин ба муқобили ҳаввориён.

1. Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд,

2. Зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо эҳёи мурдагонро мавъиза менамуданд,

3. Ва дасти тааддӣ ба онҳо дароз карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро ки шомгоҳ буд.

4. Аммо бисёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.

Нутқи Петрус ба пирон.

5. Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъомаде барпо карданд,

6. Ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва ҳамаи аъзоёни хонаводаи саркоҳин ҳузур доштанд,

7. Ва онҳоро дар миёнаҷо ба по хезонда, пурсиданд: “Ба кадом қувват ва ба кадом исм ин корро кардаед?“

8. Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: “Эй сардорони қавм ва пирони Исроил!

9. Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст,

10. Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳё намуд, оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст:

11. Ӯ ҳамон аст, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гӯшаи бино гардидааст.

12. Дар ҳеҷ каси дигаре наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем“.

Мавъиза ба исми Исо манъ карда шудааст.

13. Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд;

14. Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд.

15. Ба онҳо амр фармуданд, ки аз шӯрои пирон берун бираванд; пас аз он бо якдигар машварат карданд,

16. Ва гуфтанд: “Бо ин одамон чӣ кунем? Инак ба ҳамаи сокинони Ерусалим маълум шудааст, ки онҳо мӯъҷизаи ба назар намоёне ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем;

17. Аммо барои он ки бештар аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро сахт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин исм гап назананд“.

18. Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд.

19. Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд: “Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем?

20. Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем“.

21. Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид карда, ҷавоб доданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфатанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ки ҳама Худоро барои он чи воқеъ шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд;

22. Шахсе ки ин мӯъҷизаи шифо ба вай рӯй дод, бештар аз чиҳилсола буд.

Шогирдон бори дуюм аз Рӯҳулқудс пур мешаванд.

23. Баъд аз раҳо шуданашон назди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки саркоҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл каданд.

24. Чун инро шунииданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: “Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост!

25. Ту бо забони падарони мо ва бандаи Худ Довуд ба василаи Рӯҳулқудс гуфтаӣ: ‘‘Чаро халқҳо шӯриш менамоянд ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд?

26. Подшоҳони замин қиём карданд ва мирон муттаҳид шудаанд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ’’.

27. Дар воқеъ, бар зидди Писари Муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро тадҳин кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо ғайрияҳудиён ва қавми Исроил муттаҳид шуданд,

28. То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд.

29. Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд,

30. Дар сурате ки Ту дасти шифо бахшидан ва барои нишон додани аломоту мӯъҷизот ба исми Писари Муқаддаси Худ Исо дароз бикунӣ“.

31. Ҳамин ки дуояшон ба охир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.

Аҳволи калисои Ерусалим.

32. Ҳамаи имондорон аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо муштарак медоштанд.

33. Ҳаввориён бо қувваи бузурге ба эҳёи Исои Худованд шаҳодат медоданд, ва файзи азиме бар ҳамаи онҳо буд.

34. Ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонаи дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда,

35. Дар ихтиёри ҳаввориён мегузошт, ва ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш дода мешуд.

36. Юсуф, ки ҳаввориён ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне ‘‘ибни тасаллӣ’’-ро дода буданд, ва ӯ аз сибти Левӣ, аз аҳли Қаприс буд,

37. Замине дошт, ва онро фурӯхта ва пулашро оварда, дар ихтиёри ҳаввориён гузошт.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.