Menu Schließen

↑ мазмун

Имон овардани Шоул.

1. Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт

2. Ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда ба Ерусалим оварад.

3. Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид;

4. Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?“.

5. Гуфт: “Худовандо, Ту Кистӣ?“ Худованд гуфт: “Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лағад заданат ба сихак душвор аст“.

6. Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: “Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ки ба ҷо оварам?“ Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: “Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ“.

7. Аммо онҳое ки ҳамсафари ӯ буданд, моту маҳбут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.

8. Шоул аз замин бархост, ва чашм кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд;

9. Дар он ҷо се рӯз нобино монд, ва чизе нахӯрд ва нанӯшид.

10. Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: “Эй Ҳанониё!“ Ҷавоб дод: “Лаббай, Худовандо!“

11. Худованд ба ӯ гуфт: “Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст.

12. Ва Ҳанониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад“.

13. Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: “Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;

14. Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад“.

15. Аммо Худованд ба вай гуфт: “Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил эълон намояд;

16. Зеро ки Ман ба ӯ нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ӯ чӣ қадар бояд азобу уқубат бикашад“.

17. Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: “Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ“.

18. Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархост, таъмид гирифт.

19. Ва хӯрок хӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;

20. Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост.

21. Ҳар ки суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: “Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомадааст, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?“

22. Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.

23. Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ӯро бикушанд.

24. Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рӯз назди дарвозаи шаҳр поида меистоданд, то ки ӯро бикушанд.

25. Шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.

Павлус ба Ерусалим меояд.

26. Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, хост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст.

27. Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст.

28. Пас аз он ӯ дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд.

29. Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугӯ ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро бикушанд.

Павлус ба Тарсус бармегардад.

30. Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба Қайсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд.

31. Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up