Наход Худо одамонро барои дӯзах офаридааст?

Номи ман Таҳмина аст. Хостам ба шумо дар бораи он ки чӣ гуна ман дар зиндагиям хушбахтии ҳақиқӣ ёфтам, каме нависам. Ман дар шаҳри Душанбе соли 1983 дар оилаи начандон калон таваллуд шудаaм. Мо дар оила се кас ҳастем. Модарам, ман ва боз додаре ки аз ман як сол хурд аст. Aз хурдӣ падар надорам.

Азбаски модарам бисёр кор мекард ва танҳо ду фарзандро калон кардан ба ӯ мушкил буд, ман дар дасти бибиям калон шудам. Ҳанӯз аз наврасиам дар бораи ҳаётам фикр мекардам. Рӯзҳоям якрангу якхела мегузаштанд: Саҳар ба мактаб мерафтам баъд омада бо кори хона машғул мешудам. Баъд аз он пеши телевизор барои тамошои сериалҳо мешиштам. Ман ба фикр афтодам: мактабро хатм мекунам, баъд оиладор мешавам, бо кору бори хона ва давутози зиндагӣ машғул мешавам, баъд фарзанддор мешавам, барои фарзандҳоям зиндагӣ мекунам, баъд тамом – ҳамин хел ҳаёт мегузарад. Баъд чӣ? Баъд мемурам, баъд чӣ? Дар куҷо? Ин чиз маро хеле хавотир мекард.

Бибиям хеле худотарс буд. Ва, албатта, дар бораи биҳишту дӯзах, дар бораи он ки ҳар қадами мо гуноҳ аст, талқин мекард. Ин хел бояд накунем, он хел бояд накунем, ин гуноҳ аст,ин…ин..ин…Фаҳмидам, ки Худо Пок аст, пеши Ӯ рафта наметавонем. Ба назди бибиотуне сабақгирӣ ҳам мерафтам. Бисёр ривоятҳо мешунидам, ва ин маро маҷбур мекард, ки шабҳо дар бораи он дунё фикр кунам. Лаҳзаҳое буданд, ки аз фикру тарси он дунё фикр мекардам, ки дилам мекафад. Чӣ кор кунам, ки ба биҳишт равам? Чӣ кор? Наход ягон роҳе нест ки ба биҳишт мебарад? Наход Худо одамонро барои дӯзах офаридааст?

Дӯстоне низ доштам, ки сабақ мегирифтанд. Мегуфтанд, ки бо гуноҳолудии худ пеши Худо рафта наметавонем. Ман мепурсидам: “Пас чӣ хел пеши Худо рафтан мумкин аст?“ Мегуфтанд: Фақат хуб зиндагӣ кун, дуздӣ накун, гуноҳ накун, намоз хон, кори нек кун, хайр кун… ва агар ба Худо маъқул шавад, ба биҳишт меравӣ. – Агар ба Худо маъқул нашавад чӣ??? Боз мегуфтанд: Одамоне ҳастанд, ки рост зиндагӣ мекунанд ва дар давоми умрашон банохост коре мекунанд, ки ба Худо маъқул намешавад, ва онҳо ба дӯзах мераванд. Ва одамоне низ ҳастанд, ки тамоми зиндагияшон бад зиндагӣ мекарданд ва ногоҳ ягон кори хубе мекунанд, ки ба Худо маъқул мешавад, ва онҳо ба биҳишт мераванд. Набошад, агар ман рост зиндагӣ кунаму ягон корам ба Худо маъкул нашавад, чӣ мекунам? Наход роҳе набошад? Чӣ хел бе ягон умед зиндагӣ кунам? Ба дилам чизе намерасид. Надонистам чӣ, лекин намерасид. Дар ҷустуҷӯи ҷавоб будам. Чӣ кунам, ки ба биҳишт равам, дар ҳоле ки гунаҳкор ҳастам?

Рӯзе бо бибиям нишаста будем. Ҳамин вақт дар бораи тағоям, ки дар ҳабсхона буд, хабаре омад, ки гӯё мулло шуда бошад. Хурсанд шудем, лекин муллои русӣ шудааст??!! Ҳайрон мондем. Гоҳ-гоҳ китобҳо мефиристод. Яке аз китобҳо Таврот буд, ки ба бибиям мехондам. Бибиям бо чизи мехондагиям розӣ мешуд.

давомаш…

мазмун:

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.