саҳифа 2

↑ мазмун

Аз байн якчанд вақт гузашт. Бибиям вафот кард. То хатм кардани мактаб соле монда буд. Бо даводави хатмкунӣ ин саволҳо аз фикрам дур шуданд. Тағоям аз ҳабсхона озод шуд. Аз баргаштанаш ҳама хурсанд буданд, лекин ҳама дар ҳайрат буданд – ӯ тамоман дигар шуда буд. Рӯзе ки дар сари дастурхон шишта будем, вай ба ман гуфт: “Таҳмина, медонӣ, ки Худо туро дӯст медорад ва Писари ягонаашро барои гуноҳҳои ту қурбон кардааст, то ки ту ба Ӯ наздик шавӣ!” (Инҷили Юҳанно 3:16).


Ман ба ҳаяҷон афтидам. Ба сарам ин хабар намеғунҷид, ки Худо маро дӯст медорад ва мехоҳад, ки бо Ӯ бошам. Боварӣ надоштам, ки ман бо Ӯ дар биҳишт буда метавонам. Исои Масеҳ роҳ ба назди Худо аст??!!! Ин барои ман хабари нав буд. Хурсанд будам, ки ба ҷустуҷӯҳои ман ягон ҷавоб ҳаст. Лекин баъди ин хабари нав гӯё дар байни ду оташ мондам. Кадом роҳ дуруст аст? Муҳаммад ё Исои Масеҳ? Чӣ кор кунам? Фикру саволҳои ҳалнашуда боз баргаштанд. Боз шабҳоро дар фикр мегузарондам. Дар дарунам ҷанги рӯҳонӣ доштам, фикр мекардам, ки дилам ду пора мешавад. Дар охир натавониста, фақат гуфтам: “Худоё, ба ман роҳи дурустро нишон деҳ! Кадомаш дуруст аст?” Дар тӯли вақт Худо ба ман нишон медод. Ба монанди тарозу ҳамаашро бармекашидам. Баъди чанд вақт фаҳмидам, ки Исо бароям мурд ва дар рӯзи сеюм зинда шуд. Аз ин хабар бисёртар дар тааҷҷуб мондам.


Исо чӣ кор кард? Исо маро дӯст дошт. Ӯ бегуноҳ буд. Бароям ҷонашро дод. Ҳаёти ҷовидониро ваъда дод. Ӯ зинда шуд ва ҳаст. Муҳаммад бароям чӣ кор кард? Мисли ман одами гуноҳкор буд. Мурд, вале зинда нашуд. Барои ман чӣ ваъда дод? Зиндагияш чӣ хел буд? Паллаи тарозу дар тарафи Исои Масеҳ вазнинтар шудан мегирифт. Ва Худо ба ман ҷавоб дод.


Ман соли 1999 Масеҳро ҳамчун Писари Худо, Наҷоткор ва Худованди худ қабул кардам. Соли 2000-ум таъмиди обӣ (ғӯтаи масеҳӣ) гирифтам, ҳамчун шаҳодат барои атрофиён. Шаш сол пеш Худованд маро ба воситаи Исои Масеҳ фарзанди Худ гардонд. Акнун ман фаҳмидам: Ин холигие ки дар дил доштам ва ҳеҷ чиз онро пур карда наметавонист, ҷои Худо будааст. Дилам мӯҳтоҷи сулҳу осоиштагӣ бо Худованд будааст. Ҳозир Худованд бо ман аст, ман ба Ӯ бовар дорам. Ман осоиштагӣ бо Худованд дорам. Хушбахтии ҳақиқиро, ки гузарон нест, пайдо кардам. Агар ягон ғам дошта бошам ҳам, дар дил оромӣ ва хушбахтии илоҳиро дорам.


Худоро шукр, ҳозир дар имон ҳастам ва аз ин роҳе ки қабул кардаам, пушаймонӣ надорам. Дар ҳаётам мақсад пайдо шуд. Ҳаётам дигаргун шуд. Не, зоҳиран ҳамааш чун пештара монд, лекин ботинан дигаргунии пурра дорам. Медонам, ки барои чӣ ва барои Кӣ зиндагӣ мекунам. Медонам, ки Худованд гуноҳҳоямро бахшидааст, аз донистани ин хушбахтам. Фарзанди Худо гардидаам, ҳаёти ҷовидонӣ дорам. Агар вафот кунам ҳам, медонам, ки ба биҳишт меравам. Инро Исои Масеҳ ба воситаи Каломаш ба ман кафолат додааст. Шукрона ба Худованд, ки ба саволҳои ман, ба ҷустуҷӯҳои ман ҷавоб дод.


”Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед. Ва Ман барои шумо ёфт хоҳам шуд – мегӯяд Худованд.” (Ирмиёи пайғамбар 29:12-14)

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.