Исо беҳамтост!

Пок, покиза, бегуноҳ, росткор, бузургмеҳр, раҳим, бовафо, пурқудрат, ҳақиқӣ…

Ҳатто душманони ашаддии Ту бояд иқрор шаванд, ки Ту, Исо, беҳамто, бемисл, мӯъҷизаосо ва пурҷалол ҳастӣ!

Исо афсона ё ривоят нест!

Ӯ қаҳрамони бофтаи халқӣ нест, масалан, ба монанди Эраҷи тилисмшикан. Исои Масеҳ Худованди зинда ва ҳақиқист! Ӯ дар таҷрибаи шахсӣ ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯзҳо шинохта мешавад. Ҳамаи асосгузорҳои динҳо дар вақти худ мурданд, аммо Исо зинда аст. Ӯ Худои зиндаи ҷовидонист!

Исо мӯъҷизаосост!

Оё ягон хислати барои мо пурарзиш вуҷуд дорад, ки дар зиндагии Исо дида нашуда бошад? Чунин хислатҳоро шумо ёфта наметавонед.

Исо муҳаббат аст!

Ӯ одамонро дӯст медорад, чунки онҳо офаридаи Худо мебошанд. Бе истисно ва бе гузоштани фарқ дӯст медорад! Ҳамон тавре ки онҳо ҳастанд. Бо ҷону дил (Инҷил, Юҳанно 15:9-13).

Исо намунаи сабру тоқат аст!

Ӯ бо ҳар кас пуртоқат аст. Дар муносибат бо Ӯ ба чунин хулоса меоӣ: Ӯ барои ташвишу мушкилиҳои ниҳонии ман вақт дорад (Инҷил, Юҳанно 4:1-26).

Исо ғамхор аст!

Бебарориҳои одамӣ Ӯро бепарво намегузоштанд. Бисёр вақт ҷалоли илоҳии Ӯ ҳангоми дар мушкилиҳои онҳо кӯмак кардан зоҳир мешуд. Шогирдонаш ҳайрон мешуданд, ки чӣ қадар Ӯ ба одамон таваҷҷӯҳ зоҳир мекард (Инҷил, Юҳанно 2:1-12).

Исо покист!

Исо дар масъалаи обрӯю эътибори Худо, Падари Осмонии Худ, оштинопазир мешуд. Ӯ бо онҳое ки Хонаи Худоро ба бозор табдил додан мехостанд, мухолифат менамуд. Моҳияти поки Ӯ чунон таъсирбахш буд, ки одамон нисбати Ӯ бо тарси эҳтиромона ва ҳурмат муносибат менамуданд (Инҷил, Юҳанно 2:13-22).

Исо меҳрубон аст!

Ин ҳатто дар лаҳзаи мехкӯб шудани Ӯ ошкор шуд. Дар дами марг Ӯ нисбати шахси азизтарин дар ҷаҳон, нисбати модараш, ғамхорӣ мекард. Аз дарди ногуфтанӣ азоб кашида, Ӯ меҳрубонона дар бораи вай ғамхорӣ мекард (Инҷил, Юҳанно 19:25-27).

Исо олиҳиммат аст!

Одамон тӯда шуда аз пушти Исо мерафтанд. Ба куҷое ки Ӯ равад, он ҷо одамон ҷамъ мешуданд ва бо диққат Ӯро гӯш мекарданд. Ӯ ҳазорон одамонро бо нону моҳӣ сер кард. Ҳеҷ кас ба хонааш гурусна барнагашт (Инҷил, Юҳанно 6:1-15).

Исо ҳамдардӣ мекард!

Ӯ одамонеро, ки ғарқи гуноҳу ҷиноятҳо буданд, таъна намезад. Ӯ ба дурӯғгуён, фоҳишагон, қаллобон дилсӯзӣ мекард. Ӯ дили онҳоро медонист, қаҳри шуури онҳо аз Ӯ пинҳон набуд. Дили Ӯ барои онҳо месӯхт ва баъзан Ӯ барои онҳо ҳатто ашк мерехт. Ӯ бадбахтӣ ва сабаби занҷирбанд будани ҳаёти онҳоро медонист. Ӯ онҳоро раҳо мекард (Инҷил, Луқо 19:1-10).

Исо эҳсосоти дигаронро дарк менамуд!

Одамон дар гуфтани саволу мушкилиҳои ниҳонтарини худ ба Ӯ шарм намекарданд. Дар назди Ӯ будан ба онҳо хурсандӣ мебахшид. Ӯ ҳалим буд ва рафтораш аз рафтори дигарон фарқ мекард. Амалҳои Ӯ меҳрубонона буданд. Ҳатто кӯдакон мехостанд дар назди Ӯ бошанд.

Исо раҳмдилии Худост!

Исо ба куҷое ки равад, ба беморон шифо мебахшид. Ӯ ба ҳамаи онҳое ки дар мусибат буданд, ҳамдардӣ мекард. Ӯ бечорагонро, ки умеди охиринро гум кардаанд, сарфи назар намекард. Ӯ тӯдаи одамони афсурда, парешону парокандаро, ки ҳамчун гӯсфандони бемақсаду саргардону бечӯпон буданд, дида, ба онҳо раҳм кард (Инҷил, Матто 9:35-36).

Исо – некист!

Исо бисёр вақт бо одамони ҳақир ва радди мардум вомехӯрд, ки ба Ӯ дар бораи бадбахтиҳои худ нақл мекарданд. Онҳо умедвори ёрӣ ё лоақал фаҳмиш ва суханони неки ҳамдардӣ буданд. Суханони Исо мисли об буданд, ки ҷонҳои хушкшудаи онҳоро тару тоза мегардонданд. Моҳияти Ӯ чунон некӣ мепошид, ки ҳатто аз ҳама беш радшудагон ба Ӯ бовар мекарданд (Инҷил, Марқӯс 1:40-45).

Исо бахшанда аст!

Ӯ дили одамро медид. Фикрҳои одамон назди Ӯ мисли китоби кушода буданд. Исо ҳаргиз одамонро барои хатоҳо ва сустиҳояшон таъна намезад. Аммо гуноҳони одамонро Ӯ ҳукм мекард. Ҳар касеро, ки дар назди Ӯ аз сидқи дил ба гуноҳҳояш иқрор мешуд, Ӯ мебахшид ва бо осоиштагии амиқ андаруни дилҳошон ҷавоб медод (Инҷил, Луқо 5:17-26).

бештар…

Мазмунҳои монанд




мактубҳои хонандагон
Нав

Ҳеҷ чиз ёфт намешавад.