Инҷили Луқо
Дар Инҷили Луқо Исои Масеҳ чун “Писари Одам” — яъне чун одами дорои қуввати илоҳӣ — тасвир меёбад. Бинобар ин қудрати Ӯ дар озмоиш, дар таълим, дар шифо додан ва дигар мӯъҷизаҳо нишон дода мешавад. Худованд Исо ба мардум чӣ тавр Ӯро пайравӣ карданро мефаҳмонад ва бо масалҳо оиди меҳру муҳаббати монданашавандаи Худо таълим медиҳад.
Мо барои шумо аз Инҷили Луқо баъзе бобҳоро интихоб кардем ва орзумандем, ки Худо ҳангоми хондани Каломи Худ ба шумо баракати фаровон диҳад!










