Инҷили Юҳанно
Суханони “Дар ибтидо Калом буд… ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад…” худи аввали Китоби Муқаддасро “Худо гуфт… ва шуд” ба хотир меоваранд. Пас, дар Инҷили Юҳанно Худи Офаридгореро мебинем, ки одам (“ҷисм”) шуда, аз ҷониби офаридаи Худ рад карда шуда, кушта мешавад. Вале бо ин кор нақшаи аҷоиби наҷот барои ҳамаи бовардорон иҷро мешавад. Худатон бубинед…










