Ваҳйи Исои Масеҳ
Ваҳйи Исои Масеҳ китоби ошкоркунии нақшаҳои ояндаи Худо мебошад. Агарчи на ҳама чиз дар ин китоб возеҳу равшан ва фаҳмо аст, Худо моро рӯҳбаланд мекунад, ки онро хонем ва ба Ӯ итоат кунем: “Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин пайғамбариро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст”. (Ваҳй 1:3)
Худованд Исои Масеҳ ба шумо баракат диҳад!












