Menu Schließen

↑ мазмун

Озмоиши Исо.

1. Ва Исо пур аз Рӯҳулқудс аз Ӯрдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд,

2. Ва чиҳил рӯз Ӯро иблис меозмуд, ва дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд.

3. Ва иблис ба Ӯ гуфт:“Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад“

4. Исо ба вай ҷавоб дод:“Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо“.

5. Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод,

6. Ва иблис ба Ӯ гуфт:“Тамоми салтанати ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам;

7. „Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад“.

8. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки:’’Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо’’“

9. Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ӯ гуфт:“Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;

10. „Зеро ки навишта шудааст:“Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорӣ кунанд;

11. Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“

12. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Гуфта шудааст, ки:’’Худованд Худои хурдо наозмой’’”

13. Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд.

Хизматгузории Исо дар Ҷалил.

14. Ва Исо бо қуввати Рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми кишвар паҳн шуд.

15. Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд.

Исо дар куништи Носира.

16. Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбия ёфта буд, омад ва аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост.

17. Ба Ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:

18. ‘‘Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам’’

19. ‘‘Ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям’’.

20. Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буд.

21. Ва Ӯ ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт:“Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст“.

22. Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд:“Оё Ӯ писари Юсуф нест?“

23. Ба онҳо гуфт:“Албатта, шумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт:’’Эй табиб! Худатро шифо бидеҳ; ҳар он чи шунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ дар ватани Худ бикун’’„.

24. Ва гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест“.

25. Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисёр бевазанон дар Исроил дар айёми Илёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин қаҳтии сахте рӯй дод,

26. Вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидӯн;

27. Ва бисёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурёнӣ“;

28. Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд,

29. Ва бархоста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд;

30. Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.

Исо дар Кафарнаҳум.

31. Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод.

32. Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ӯ боқудрат буд.

33. Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:

34. „Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қуддуси Худо!“

35. Исо вайро манъ карда, гуфт:“Хомӯш шав ва аз вай берун ой!“ Ва дев ӯро дар миёна афтонда, аз ӯ берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонд.

36. Ҳама ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд:“Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба арвоҳи палид амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?“

37. Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.

Исо модарарӯси Петрус ва бисёр касони дигарро шифо медиҳад.

38. Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъӯн омад; модарарӯси Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ӯ илтимос карданд.

39. Ва Ӯ наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.

40. Дар вақти фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод.

41. Девҳо низ аз бисёр касон берун омада, бо фарёд мегуфтанд:“Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ“. Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.

Исо дар тамоми Яҳудо мавъиза менамояд.

42. Чун субҳ дамид,Ӯ берун омада, ба хилватгоҳе рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад.

43. Ба онҳо гуфт:“Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам“.

44. Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up