Луқо, Боби 5

↑ мазмун

Моҳигирии мӯъҷизаосо.

1. Боре, вақте ки мардуми бисёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то ки каломи Худоро гӯш кунанд, ва Ӯ дар канори кӯли Ҷинесор истода буд,

2. Ду қаиқро дид, ки дар кӯл истода буданд, ва сайёдони моҳӣ аз онҳо берун омада, тӯрҳои худро шустушӯй мекарданд.

3. Ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъӯн буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ӯ дар қаиқ нишаста, мардумро таълим медод.

4. Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъӯн гуфт:“Ба чуқуроб бирон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед“.

5. Шимъӯн дар ҷавоби Ӯ гуфт:“Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам“.

6. Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон кафида равад.

7. Ва ба рафиқони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду қаиқро пур карданд, ба тавре ки қариб буд ки зери об раванд.

8. Шимъӯни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт: “Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам“.

9. Зеро ки вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳиёне ки ба даст оварда буданд, дар даҳшат афтоданд.

10. Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъӯн буданд. Ва Исо ба Шимъӯн гуфт:“Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард“.

11. Ва ҳар ду қаиқро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ӯ равона шуданд.

Исо махавиро шифо медиҳад.

12. Вақте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад, ва чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард:“Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ“.

13. Ӯ дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт:“Мехоҳам, пок шав!“ Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.

14. Ва Ӯ ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба коҳин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияеро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад.

15. Аммо овозаи Ӯ то рафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ӯ ҷамъ меомаданд, то ки каломашро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд.

16. Ва Ӯ ба ҷойҳои хилват мерафт ва дуо мегуфт.

Шифо ёфтани мафлуҷ.

17. Рӯзе аз рӯзҳо, вақте ки Ӯ таълим медод, ва фарисиён ва муаллимони шариат аз тамоми деҳоти Ҷалил ва аз Яҳудо ва Ерусалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва қуввати Худованд  дар шифо доданаш зоҳир мешуд,

18. Инак, якчанд кас марди мафлуҷеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ӯ бигузоранд,

19. Вале ба сабаби бисёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёни хона пеши Исо поён фуроварданд.

20. Ва Ӯ имони онҳоро дида, гуфт:“Эй одамизод, гуноҳҳои ту омурзида шуд“.

21. Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд:“Ин кист, ки куфр мегӯяд? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?“

22. Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт:“Шумо дар дили худ чӣ андешаҳо доред?

23. Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки’’гуноҳҳои ту омурзида шуд’’, ё гуфтани он ки’’бархез ва равона шав’’?

24. Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад“- ба мафлуҷ гуфт:“Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав“.

25. Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархост, бистари худро бардошт ва, Худоро сипоскунон, ба хонаи худ равона шуд.

26. Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд:“Имрӯз чизҳои аҷоибе дидем“.

Даъват кардани Матто. Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад.

27. Баъд аз ин Ӯ берун рафта, Левӣ ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт:“Аз паи Ман биё“.

28. Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ӯ равона шуд.

29. Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар дар он ҷо буданд, ва онҳо бо Ӯ назди суфра нишастанд.

30. Китобдонон ва фарисиён норозигӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гутанд:“Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?“

31. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;

32. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам“.

Масъалаи Рӯзадорӣ.

33. Ба Ӯ гуфтанд:“Чаро шогирдони Яҳё бисьёр рӯза медоранд ва дуо мегӯянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?“

34. Ба онҳо гуфт:“Оё метавонед аҳли кӯшки никоҳро, модоме ки домод бо онҳост, ба рӯзадорӣ водор намоед?

35. Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ, дар он айём рӯза хоҳанд дошт“.

Масалҳо дар бораи ҷома ва машк.

36. Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт:“Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, бар ҷомаи кӯҳна ямоқ намемонад; вагар на, ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд“.

37. „Ва ҳеҷ кас шароби навро дар машки кӯҳна намеандозад; вагар на шароби нав машкро дарида, ҳам худаш мерезад, ҳам машк талаф мешавад;

38. Лекин шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд“.

39. „Ва ҳеҷ кас шароби кӯҳнаро нӯшида, дарҳол навашро талаб намекунад, зеро ки мегӯяд: шароби кӯҳна хуб аст“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.