Луқо, Боби 9

↑ мазмун

Мардум ва шогирдон Исоро кӣ мегӯянд.

18. Боре, вақте ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: “Мардум Маро кӣ мегӯянд?“

19. Дар ҷавоб гуфтанд: “Баъзе мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳё шудааст“.

20. Аз онҳо пурсид:“Шумо Маро кӣ мегӯед?“ Петрус дар ҷавоб гуфт: “Масеҳи Худо“.

21. Ва Ӯ ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки онро ба касе нагӯянд;

Исо дар бораи мамоти Худ ва эҳёи Худ сухан меронад.

22. Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, ва саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм эҳё шавад.

Исоро чӣ гуна пайравӣ бояд кард?

23. Ва ба ҳама гуфт:“Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;

24. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад;

25. Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад?

26. Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм хоҳад кард“;

Дигаргун шудани Худованд.

27. „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқан маргро нахоҳанд чашид“.

28. Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад.

29. Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид.

30. Ва инак, ду мард бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд, ки Мусо ва Илёс буданд:

31. Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд.

32. Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро, ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд.

33. Вақте ки Мусо ва Илёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: “Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс“, ва намедонист, чӣ мегӯяд.

34. Ҳанӯз вай ин суханонро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд.

35. Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: “Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед“.

36. Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд.

(…)

Исо бори дуюм дар бораи мамоти Худ сухан меронад.

44. Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд“.

45. Лекин онҳо он суханонро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ӯ бипурсанд.

Ба муқобили Иззатталабии шогирдон.

46. Ва дар майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.

47. Исо андешаи дили онҳоро дарёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт.

48. Ва ба онҳо гуфт: “Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул мекунад, Фиристодаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузургтар хоҳад буд“.

Рашки сохтаи шогирдон.

49. Дар айни ҳол Юҳанно гуфт: “Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо намегардад“.

50. Исо ба вай гуфт:“Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост“.

(…)

Ҷиддияти пайравӣ кардан ба Исо.

57. Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: “Худовандо! Ҳар ҷо ки равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард“.

58. Исо ба вай гуфт: “Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад“.

59. Ба дигаре гуфт: “Маро пайравӣ кун“. Вай гуфт: “Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам“.

60. Лекин Исо ба вай гуфт: “Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ“.

61. Боз шахси дигаре гуфт: “Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам“.

62. Лекин Исо ба вай гуфт: “Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.