Menu Schließen

↑ мазмун

Шикваи фарисиён ва китобдонон.

1. Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд.

2. Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: “Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хӯрок мехӯрад“.

Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда.

3. Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт:

4. „Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад?

5. Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад;

6. Ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: ’’Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтам’’.

7. „Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба навадунӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд“.

Масал дар бораи дирҳами гумшуда.

8. Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе даргиронад ва хонаро рӯфта, бодиққат ҷустуҷӯ накунад, то даме ки онро биёбад?

9. Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: ’’Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам’’.

10. „Ба шумо мегӯям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад“.

Масал дар бораи писари ноқобил.

11. Боз гуфт: “Шахсе ду писар дошт;

12. Ва хурдии онҳо ба падар гуфт:’’Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман бидеҳ’’. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.

13. Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд.

14. Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд;

15. Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;

16. Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯранд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.

17. Оқибат ӯ ба худ омада, гуфт:’’Чӣ қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ва ҳалокат мерасам!

18. Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,

19. Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз муздуронат қабул кун’’.

20. Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.

21. Ва писар ба вай гуфт:’’Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам’’.

22. Аммо падар ба ғуломони худ гуфт:’’Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ бипӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ, ва мӯза ба пойҳояш бидиҳед;

23. Ва гӯсолаи охуриро оварда, сар бибуред: бихӯрем ва димоғчоқӣ кунем,

24. Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд’’. Ва ба димоғчоқӣ шурӯъ карданд.

25. Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гӯшаш расид;

26. Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад?

27. Вай ба ӯ гуфт:’’Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро сар бурид, чунки ӯро сиҳат саломат дид’’.

28. Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада ӯро ҷеғ зад.

29. Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт:’’Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғолае ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ димоғчоқӣ кунам;

30. Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро сар буридаӣ’’.

31. Ба ӯ гуфт:’’Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст;

32. Аммо ба он мебоист шодӣ ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд’’.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up