Menu Schließen

↑ мазмун

Насабномаи Исо.

1. Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.

2. Иброҳим Исҳоқро ба дунё овард; Исҳоқ Яъқубро ба дунё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дунё овард;

3. Ва Яҳудо Форас ва Зораҳро аз Томор ба дунё овард; ва Форас Ҳесрӯнро ба дунё овард ; ва Ҳесрӯн Ромро ба дунё овард;

4. Ва Ром Аминободро ба дунё овард; ва Аминобод Наҳшӯнро ба дунё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дунё овард;

5. Ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дунё овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дунё овард; Убид Йисойро ба дунё овард;

6. Ва Йисой подшоҳ Довудро ба дунё овард; ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зани Уриё ба дунё овард;

7. Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дунё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дунё овард; ва Абиё Осоро ба дунё овард;

8. Ва Осо Еҳӯшофотро ба дунё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дунё овард;ва Еҳӯром Узиёро ба дунё овард;

9. Ва Узиё Ютомро ба дунё овард; ва Ютом Оҳозро ба дунё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дунё овард;

10. Ва Ҳизқиё Менашшеро ба дунё овард; ва Менашше Омӯнро ба дунё овард;ва Омӯн Йӯшиёро ба дунё овард;

11. Ва Йӯшиё Еконё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дунё овард;

12. Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконё Шаалтиилро ба дунё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дунё овард;

13. Ва Зарубобил Абиҳудро ба дунё овард; ва Абиҳуд Элёқимро ба дунё овард; ва Элёқим Озурро ба дунё овард;

14. Ва Озур Содӯқро ба дунё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дунё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дунё овард;

15. Ва Элиҳуд Элъозорро ба дунё овард; ва Элъозор Маттонро ба дунё овард; ва Маттон Яъқубро ба дунё оваард;

16. Ва Яъқуб Юсуфро, шавҳари Марямро ба дунё овард, ва аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад.

17. Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.

Ҳомилагии Марям ва таваллуди Исои Масеҳ.

18. Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст.

19. Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам.

20. Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда гуфт: “Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;

21. Ва писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод”.

22. Ва ҳамаи ин воқеъ шуд, то ба амал ояд сухане ки Худованд ба забони пайғамбар гуфтааст:

23. “Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо”.

24. Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард.

25. Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up