Матто, Боби 2

↑ мазмун

Омадани мунаҷҷимон.

1. Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Уршалим мунаҷҷимон омада гуфтанд:

2. “Куҷост он подшоҳи Яҳудиён, ки тавуллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем”.

3. Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Уршалим ҳам.

4. Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?

5. Ба вай гуфтанд: “Дар Байт-Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи пайғамбар чунин навишта шудааст:

6. “Ва ту, эй Байт-Лаҳм, замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман Исроилро чӯпони хоҳад кард”.

7. Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт,

8. Ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: “Биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта Ӯро парастиш кунам”.

9. Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида биистод.

10. Ва ситораро дида, беандоза шод ба хушҳол гардиданд,

11. Ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марям диданд, ва ба зону зада, Ӯро парастиш карданд, ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ба мур ба Ӯ тақим карданд.

12. Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.

Фирор ба Миср.

13. Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: “Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ба дар онҷо бош, то бақте ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад”.

14. Ва шабона бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд,

15. Ва то вафоти Ҳиродус дар он ҷо бимонд, то ба амал ояд сухане ки Худованд бо забони пайғамбар гуфтааст: “Аз Миср Писари Худро хондам”.

Қатли кӯдакон.

16. Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт-Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вақте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба қатл расонд.

17. Он гоҳ ба амал омад сухане ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст:

18. “Овозе дар Ромо шунида шуд, овози гиря ва нола ва мотами азим; Роҳел барои фарзандони худ гиря мекунад ва тасаллӣ намеёбад, зеро ки нестанд”.

Баргаштан ба Носира.

19. Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд,

20. Ва гуфт: “Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдакро доштанд, мурданд”.

21. Ва ӯ бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифта ба сарзамини Исроил омад.

22. Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб ваҳй ёфта, ба ноҳияи Ҷалил рафт,

23. Ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, маскан гирифт, то ба амал ояд сухане ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда хоҳад шуд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.