Menu Schließen

↑ мазмун

Мавъизаи болои кӯҳ.

Аҳкоми хушбахтӣ.

1. Чун мардумро дид, бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд.

2. Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт:

3. «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.

4. Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт.

5. Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.

6. Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.

7. Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт.

8. Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид.

9. Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.

10. Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.

11. Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд.

12. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки пайғамбарони пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд. Вазифаи имондорон дар ҷаҳон.

13. Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.

14. Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки дар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.

15. Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.

16. Ҳамчунин бигзор нури шумо ба мардум битобад, то ки корҳои неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд. Муносибати Исо ба Таврот.

17. Гумон накунед, ки барои байрон кардани Таврот ё суҳафи пайғамбарон омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам.

18. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.

19. Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чуни таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд.

20. Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд.

Ҳукми шашум.

21. Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Қатл накун; ҳар кӣ қатл кунад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд”.

22. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд: ҳар кӣ бародари худро “реқо” [бемулоҳиза, сабукмағз] гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ “аҳмақ” гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.

23. Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист,

24. Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун.

25. Ҳанӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ шав, то ки даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба мулозим насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд;

26. Ба ростӣ ба ту мегӯям: то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт.”

Ҳукми ҳафтум.

27. Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Зино накун”.

28. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад.

29. Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.

30. Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.

Исо дар бораи талоқ.

31. Ҳамчунин гуфта шудааст: “Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад”.

32. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби зино, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.”

Исо дар бораи қасам.

33. Боз шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун”.

34. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун: на ба осмон, зеро ки тахти Худост;

35. На ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Уршалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст;

36. Ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки қодир нестӣ як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ.

37. Балки сухани шумо: “оре, оре” ва “не, не” бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз иблис аст.

Ғалаба бар адоват ба воситаи муҳаббат.

38. Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне”.

39. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накунед. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон;

40. Ва агар касе ба та даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ;

41. Ва ҳар кӣ туро ба тай кадани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав.

42. Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ, аз касе ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон.

43. Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун”.

44. Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед,

45. То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад.

46. Зеро ки агар дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?

47. Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?

48. Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up