Menu Schließen

↑ мазмун

Давоми маъвизаи болои кӯҳ.

Маҳкум кардани намуди зоҳирӣ дар дин.

1. «Зинҳор, садақаи худро дар пеши мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагарна шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт.”

2. Пас, вақте ки садақае медиҳӣ пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кучаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд.

3. Аммо вақте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад,

4. То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.

5. Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд.

6. Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯи, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.

7. Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро ки онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад;

Муносибати нав ба дуо.

8. Монанди онҳо набошед;зеро Падари шумо эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.

9. Пас ба ин мазмун дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! номи Ту пок бод;

10. Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;

11. Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ;

12. Ва қарзҳои моро бубахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем;

13. Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин”».

14. Зеро, агар шумо ба мардум хатоҳошонро бубахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид;

15. Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.

Дар бораи рӯзадорӣ.

16. Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи худро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.

17. Лекин ту, вақте ки рӯза медорӣ, ба сари худ равған бимол ва рӯи худро бишӯй,

18. То ки на дар назари мардум, балки дар ҳузури Падари худ, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.

Қонуни Малакут дар хусуси сарват.

19. Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;

20. Балки барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд;

21. Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.

22. Чароғи бадан чашм аст. Ва агар чашмат солим бошад, тамоми баданат равшан хоҳад буд;

23. Лекин агар чашми ту хира бошад, тамоми баданат торик хоҳад буд. Пас, агар нуре ки дар туст, зулмот бошад, чӣ гуна азимест он зулмот!

24. Ҳеҷ кас ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно* хизмат кунед.

Восита ба муқобили ғамхориҳо – умедворӣ ба Падаре ки дар осмон аст.

25. Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?

26. Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?

27. Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?

28. Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд;

29. Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст;

30. Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонида наметавонад!

31. Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ бихӯрем?” ё “Чӣ бинӯшем?” ё “Чӣ бипӯшем?”

32. Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо ки, дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.

33. Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.

34. Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист».

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up