Menu Schließen

↑ мазмун

Давоми мавъзаи болои кӯҳ.

Ҳукм накардан дар ҳаққи диггарон.

1. «Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед;

2. Зеро ба ҳар роҳ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон роҳ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд.

3. Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дар намеёбӣ?

4. Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: “Иҷозат деҳ, ки хасро аз чашми ту дур кунам”; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?

5. Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.

6. Он чи пок аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.

Тарғиб барои дуо.

7. Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд;

8. Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад”.

9. Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад?

10. Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад?

11. Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металебанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек хоҳад дод.

12. Пас, ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи пайғамбарон”.

Ду роҳ.

13. Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳ ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд;

14. Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд”.

Огоҳонидан аз муаллимони козиб. Имтиҳон.

15. Аз пайғамбарони козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони дарандаанд:

16. Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт. Оё аз бутаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд?

17. Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад;

18. Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад–меваи нек”.

19. Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад.

20. Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт.

Хатари эътирофи бе имон.

21. На ҳар касе ки ба Ман: “Худовандо! Худовандо!” мегӯяд, ба Малакути Осмони дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.

22. Бисёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: “Худовандо! Худовандо! Оё ба номи Ту пайғамбарӣ накардем? Оё ба номи Ту девҳоро нарондем? Оё ба номи Ту мӯҷизоти зиёде нишон надодем?”

23. Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: “Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!”

Ду асос.

24. Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва ба ҷо оварад, ӯро ба Марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро дар санг бино кард;

25. Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд.

26. Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба Марди нодоне монанд аст, ки хонаи худро бар рег бино кард;

27. Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он Хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».

Исо бо қудрати Худо таълим медод.

28. Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, 29. Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиён.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up