Юҳанно, Боби 3

↑ мазмун

Мусоҳибаи Исо бо Ниқӯдимус.

1. Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд,

2. Вай шабона назди Исо омада, гуфт:“Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро мӯъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳи, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад“.

3. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад“.

4. Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт:“Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?“.

5. Исо ҷавоб дод:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад:

6. Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рӯҳ таваллуд меёбад, Рӯҳ аст.

7. Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.

8. Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад“.

9. Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт:“Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?“

10. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?“

11. „Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз о чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;

12. Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард?

13. Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне ки Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;

14. Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,

15. То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.

16. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.

17. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

18. Ҳар кӣ ба Ӯ имон варад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон овардааст.

19. Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро аз рӯшноӣ бештар дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.

20. Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад;

21. Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.