Menu Schließen

↑ мазмун

Исо дар боғи Ҷатсамонӣ.

1. Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрӯн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.

Таслим кардани Яҳудо.

2. Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.

3. Пас Яҳудо як даста сар бозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фaрисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.

4. Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт:“Киро ҷустуҷӯ мекунед?“

5. Ба Ӯ ҷавоб доданд:“Исои Носириро“. Исо ба онҳо гуфт: “Ман ҳастам“. Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд.

6. Чун Исо ба онҳо гуфт: “Ман ҳастам“, онҳо ақиб-ақиб рафта, ба замин афтоданд.

7. Боз аз онҳо пурсид:“Киро ҷустуҷӯ мекунед?“. Гуфтанд:“Исои Носириро“.

8. Исо ҷавоб дод:“Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд“.

9. То он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд:“Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам“.

10. Он гоҳ Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт.

11. Исо ба Петрус гуфт:“Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро ки Падар ба Ман додааст, нанӯшам?“

Исо ба ҳузури доварии саркоҳин. Инкори Петрус.

12. Он гоҳ дастаи сарбозон ва мириҳазорон ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд,

13. Ва аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд:

14. Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст, ки як кас барои қавм бимирад.

15. Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз ақиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад;

16. Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.

17. Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт:“Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?“ Вай гуфт:“Нестам“.

18. Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрӯхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.

19. Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.

20. Исо ба вай ҷавоб дод:“Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам;

21. Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам“.

22. Вақте ки инро гуфт, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт:“Ба саркоҳин ин тавр ҷавоб медиҳӣ?“

23. Исо ба вай ҷавоб дод:“Агар бад гуфтам, ба бадӣ шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?“

24. Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод.

25. Ва Шимъӯни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд:“Ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?“ Вай инкор карда, гуфт:“Нестам“.

26. Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт:“Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?“.

27. Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.

Исо ба ҳузури Пилотус.

28. Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд.

29. Пилотус назди онҳо баромада, гуфт:“Чӣ даъвое бар ин Шахс доред?“

30. Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд:“Агар Ӯ бадкирдор намебуд, ба ту таслим намекардем“.

31. Пилотус ба онҳо гуфт:“Шумо Ӯро бигиред ва мувофиқи шариати худ бар Ӯ доварӣ кунед“. Яҳудиён ба вай гуфтанд:“Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем“,

32. То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.

33. Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт:“Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?“.

34. Исо ба вай ҷавоб дод:“Оё ту инро аз худ мегӯӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?“

35. Пилотус ҷавоб дод:“Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?“

36. Исо ҷавоб дод:“Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест“.

37. Пилотус ба Ӯ гуфт:“Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?“ Исо ҷавоб дод:“Ту мегӯӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад“.

38. Пилотус ба Ӯ гуфт:“Ростӣ чист?“ Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромада ва ба онҳо гуфт:“Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам“;

Исо ва Бараббос.

39. Лекин шумо як одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?“.

40. Онҳо боз фарёд зада, гуфтанд:“Ӯро не, балки Бараббосро“. Бараббос як роҳзан буд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up