Юҳанно, Боби 19

↑ мазмун

Исо бо тоҷи аз хор бофташуда.

1. Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад.

2. Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд.

3. Ва гуфтанд:“Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!“ Ва Ӯро торсакӣ мезаданд. Пилотус ва Исо ба ҳузури мардум.

4. Боз Пилотус баромада ба онҳо гуфт:“Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам“.

5. Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт:“Инак Он Одам!“

6. Чун саркоҳинон ва мулозимон Ӯро диданд, фарёд зада гуфтанд:“Ӯро маслуб кун, маслуб кун!“ Пилотус ба онҳо гуфт:“Шумо Ӯро гирифта маслуб кунед, зеро ки ман дар Ӯ айбе намеёбам“.

7. Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд:“Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст“.

8. Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд.

9. Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт:“Ту аз куҷоӣ?“ Лекин Исо ба вай ҷавоб надод.

10. Пилотус ба Ӯ гуфт:“Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?“

11. Исо ҷавоб дод:“Ҳеҷ қудрате ба Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештар дорад“.

12. Ва аз он вақт Пилотус саъй дошт Ӯро озод кунад, лекин яҳудиён фарёд зада, гуфтанд:“Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст“.

13. Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овардва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст.

14. Рӯзи ҷумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт:“Инак, Подшоҳи шумо!“

15. Лекин онҳо фарёд заданд:“Ӯро нест кун, нест кун, маслуб кун!“. Пилотус ба онҳо гуфт:“Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?“ Саркоҳинон ҷавоб доданд: “Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем“.

Маслуб шудани Исо ва мамоти Ӯ.

16. Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.

17. Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба ҷое ки’’Ҷои косахонаи сар’’ ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд;

18. Ва дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро, яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исоро дар миёна.

19. Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: “Исои Носирӣ, Подшоҳи яҳудиён“.

20. Бисёре аз яҳудиён он айбномаро хонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд.

21. Саркоҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд: “Нанавис: ’’Подшоҳи яҳудиён’’, балки он чи Ӯ мегуфт:’’Манам Подшоҳи яҳудиён’’„.

22. Пилотус ҷавоб дод:“Он чи навиштам, навиштам“.

23. Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд.

24. Пас онҳо ба якдигар гуфтанд:“Онро пора накунем, балки қуръа партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад“, то ки Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд:’’Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд’’. Ва сарбозон чунин карданд.

25. Дар назди салиби Исо модари Ӯ ва хоҳари модараш, Марями завҷаи Қлӯпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд.

26. Чун Исо модари Худро бо он шогирде ки дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт:“Эй зан! инак писари ту“.

27. Ва баъд ба шогирди Худ гуфт:“Инак модари ту!“. Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.

28. Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: “Ташнаам“.

29. Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ӯ бурданд.

30. Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: “Иҷро шуд“. Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.

„Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд“.

31. Лекин, азбаски рӯзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рӯзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва ба поён фуроваранд.

32. Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, шикастанд;

33. Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд;

34. Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.

35. Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад ки рост мегӯяд, то ки шумо низ имон оваред.

36. Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд:’’Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд’’.

37. Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегӯяд:’’Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт’’.

Дафни Исо.

38. Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди маҳфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Ҷасади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт.

39. Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард.

40. Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.

41. Дар он ҷое ки Ӯ маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас дафн нашуда буд:

42. Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.