Дар ҷустуҷӯи Худо

Ман Марям ҳастам. Дар оилаи мусулмон зода шудаам. Пеши Худо барои он ки маро аз ин оила ба фарзандӣ қабул кард шукри бе ҳад мегӯям. Ҳам шукр мегӯям барои ин падару модаре ки Худо ба ман дод.

То масеҳӣ шуданам зиндагии ман чун боди кӯчагарде буд, ки ҳеч ҷои худро намеёфту ором шудан намехост, ин бодро ман бо хоҳиши худ идора мекардам. Гуфта наметавонам, ки дар ин равиши зиндагӣ тамоман дур аз Худо будам, зеро ягона чизе ки маро устувор нигоҳ медошт, боварӣ ба вуҷуд доштани Худои Офаридгор буд.

Дар оила ман фарзанди калонӣ ҳастам. Аз хурдӣ волидайн кӯшиш мекарданд ба ҳар он чи дар рафтори ман дида мешуд, ҷиддӣ муносибат кунанду маро ислоҳ карда, кӯмак намоянд. Барои ҳар баҳои аълое ки аз мактаб мегирифтам, баробарам хурсандӣ мекарданд. Хусусан падарам ба илмомӯзии ман диққати ҷиддӣ медод, бисёр насиҳат мекард, то дурӯя набошаму ҳама корро аз рӯи инсофу одамгарӣ ба анҷом расонам. Модарам бошад ба ман бештар дар бораи Худову пайғамбарон нақл мекард.

Барои ман ҳама хуб буд, ғайр аз он ки гоҳ-гоҳ дар муносибатҳои оиладории онҳо нофаҳмиҳои хурд руй медоду ман худро танҳои танҳо ҳис мекардам. Он вақт мехостам касе аз будани ман огоҳ набошад, мехостам вуҷуд надошта бошам. Вақте ба мактаб мерафтам, мехостам рӯз тамом нашавад, зеро ба хона баргаштан намехостам. Вақте аз кӯча мегузаштам, фикр мекардам, ки ҳама ба ҳоли ман механданд.

Як рӯз, вақте ки ҳанӯз тақрибан 13-14 сола будам, бори аввал бо Худо сухан гуфтам. Дар хона касе ғайр аз ман набуд. Ягона суханоне ки он вақт гуфтаму то ин замон дар ёдам ҳаст, инҳо буданд, ки Худоё, агар ту ҳастӣ, падару модарамро нигоҳ дор, то аз ҳам ҷудо нашаванд ва ман хизматгузори Ту мешавам. Ва то ҳол дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел дилам сахт мезаду гиря мекардам. Баъд аз ин рӯзҳо мегӯзаштанд, ман калон шудан мегирифтаму мушкилиҳои дигар пайдо шудан мегирифтанд. Ҳис мекардам, ки дар мактаб ман аз ҳамсинфонам дур шуда истодаам. Ягона баҳона ин буд, ки гуё ман бо забони адабӣ гап мезанаму ин ба онҳо писанд намеомад.

Ҷангҳои дохилӣ сар шуданд. Дар ин ҷанг ман дарк карда тавонистам, ки вақте одамонро ҷаҳолат фаро мегирад, ҷони одамӣ барои онҳо қадр надорад. Боз инро дарк кардам, ки зиндагӣ чизест, ки ҳеҷ инсон чӣ қадар зистанашро намедонад.

Баъд аз он ки ҳамаи ин воқеаҳо гузаштанд, дар соли 2000 ман ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридам. Дар ҳамин донишгоҳ ман бо духтаре вохӯрдам ва бо ӯ дӯстӣ пайдо кардам. Ин дӯстӣ роҳи зиндагии маро тамоман дигар кард. Аз аввал ман назди ӯ дарси забони хориҷӣ меомӯхтам. Оҳиста-оҳиста ин дӯстии мо то ҷое расид, ки мо ба хонаи ҳамдигар меҳмон мешудем ва дар вақти сӯҳбатҳо мо аз Китоби Муқаддас (Тавроту Инҷил) оятҳо мехондем. Кам-кам ман ҳис кардам ки ин суханонро аз китоб дар куҷое хонда будам. Баъд ба ёдам омадан мегирифт, ки дар ҷанг, вақте ки мо аз тарси ҷанговарон ба кӯча намебаромадему дар кунҷи хона корамон танҳо китобхониву ҷӯроббофӣ буд, ман дар ин китоб хонда будам ва бо умеди ин навиштаҳо зиндагӣ мекардам.

давом

мазмун:

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.