Menu Schließen

↑ мазмун

 Қонуни Исо дар бораи талоқ.

1. Аз он ҷо баромада, ба он сӯи Ӯрдун, ба ҳудуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ӯ шитофтанд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод.

2. Фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: “Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?“

3. Ба ҷавоби онҳо гуфт: “Мусо ба шумо чӣ фармудааст?“

4. Гуфтанд: “Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд“.

5. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: “Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст;

6. Лекин дар ибтидои офариниш Худо онҳро марду зан офарид.

7. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад,

8. Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.

9. Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайваст, одам набояд ҷудо кунад”.

10. Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд.

11. Ӯ ба онҳо гуфт: “Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад;

12. Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад”.

Исо кӯдаконро дуои хайр мекунад.

13. Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд.

14. Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: “Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.

15. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанади кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешвад”.

16. Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода дуои хайр кард.

Исо ва ҷавони сарватдор.

17. Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: “Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?

18. Исо ба вай гуфт: “Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона.

19. Аҳкомро медонӣ:’’Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ падару модаратро ҳурмат кун’’”.

20. Вай ба ҷавоби Ӯ гуфт: “Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам“.

21. Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: “Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун“.

22. Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт.

Ба Малакути Худо даромадани сарватдор душвор аст.

23. Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: “Ба Малакути Худо даромадани сарватдор чӣ гуна душвор аст!“

24. Шогирдон аз суханони Ӯ дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт: “Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст!“

25. Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад.

26. Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд: “Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?“.

27. Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт: “Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст“.

Мукофоти шогирдон.

28. Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: “Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем“.

29. Исо ба ҷавоб гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду

30. Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад;

31. Лекин басо аввалин, охирин хоҳад шуд, ва охирин аввалин.

Исо бори сеюм мамот ва эҳё Худро пешгӯӣ мекунад.

32. Чун дар роҳи сӯи Ерусалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд:

33. „Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд;

34. Ва Ӯро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм эҳё шавад”.

Хоҳиши иззатталабонаи писарони Забдой.

35. Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, ду писари Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: “Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ“.

36. Ба онҳо гуфт: “Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?“

37. Онҳо ба Ӯ гуфтанд: “Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту бишинем“.

38. Исо ба онҳо гуфт: “Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва он таъмидеро ки Ман меёбам биёбед?“

39. Онҳо ба ҷавоб гуфтанд: “Метавонем“. Аммо Исо ба онҳо гуфт: “Косаеро, ки Ман менӯшам, хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам хоҳед ёфт;

40. Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам, ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад”.

41. Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд.

42. Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт: “Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмрони мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешавад;

43. Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад;

44. Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;

45. Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад“.

Бартимаи кӯр бино шуд.

46. Ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисёр аз Ериҳӯ мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.

47. Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарёдкунон гуфт: “Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун“.

48. Бисёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарёд мезад: “Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун“.

49. Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: “Осуда бош, бархез, ки туро мехонад“.

50. Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.

51. Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт: “Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?“ Кӯр ба Ӯ гуфт: “Эй Устод! Мехоҳам бино шавам“.

52. Исо ба вай гуфт: “Бирав, ки имонат туро шифо бахшид“. Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up