Марқӯс, Боби 12

↑ мазмун

Масал дар бораи токдорони бадкор.

1. Пас бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: “Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе бино кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.

2. Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,

3. Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.

4. Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш кардан.

5. Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисёр касони дигарро – баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.

6. Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: ’’Аз писарам шарм хоҳанд дошт’’.

7. Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: ’’Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад’’.

8. Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.

9. Пас соҳиби токзор чӣ хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.

10. Магар ин Навиштаро нахондаед: ’’Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид:

11. Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст’’?“

12. Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.

Масъалаи хироҷ.

13. Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд.

14. Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: “Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизя додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?“

15. Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарёфта, гуфт: “Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам“.

16. Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: “Ин сурат ва рақам аз они кист?“ Онҳо ба Ӯ гуфтанд: “Аз они қайсар“.

17. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: “Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост–ба Худо“. Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.

Дар бораи эҳёи мурдагон.

18. Ва саддуққиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:

19. „Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст: ’’Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад’’.

20. Ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;

21. Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюмин низ ҳамчунин.

22. Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.

23. Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд“.

24. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: “Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?

25. Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.

26. Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: ’’Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб’’?

27. Вай на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед”.

Аҳкоми бузургтарин.

28. Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: “Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?“

29. Исо ба вай ҷавоб дод: “Аввалини аҳком ин аст: ’’Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;

30. Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор’’; аввалин аҳком ҳамин аст!

31. Ва дуюмаш монанди он аст: ’’Ёри худро мисли худ дӯст бидор’’; ҳукми дигаре бузургтар аз инҳо нест’’.

32. Китобдон ба Ӯ гуфт: “Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест;

33. Ва Ӯро бо тамоми дил ва ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи қубониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст“.

34. Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: “Ту аз Малакути Худо дур нестӣ“. Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

Исо – ҳам писари Довуд ва ҳам Худованди Довуд.

35. Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: “Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?

36. Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд:’’Худованд ба Худованди ман гуфт: „Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам“‘‘.

37. Инак, худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?“ Ва мардуми бисёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.

Риёкории китобдонон.

38. Ва Ӯ ба онҳо таълим дода, мегуфт: “Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,

39. Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;

40. Онҳо ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахтар маҳкум хоҳанд шуд“.

Фулуси бевазан.

41. Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ сон мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисёр меандохтанд.

42. Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.

43. Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;

44. Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.