Menu Schließen

↑ мазмун

Суиқасд ба муқобили Исо.

1. То иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ӯро дастгир карда, ба қатл расонанд;

2. Лекин мегуфтанд: “На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад“.

Марями сокини Байт-Ҳинӣ бар Исо равғани атрафшон мерезад.

3. Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ назди суфра нишаста буд, – зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт.

4. Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: “Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд?“

5. Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд“. Ва он занро сарзаниш карданд.

6. Лекин Исо гуфт: “Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман кори некӯ кард.

7. Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо эҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.

8. Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард.

9. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт“.

Паймони таслимкунанда бо саркоҳинон.

10. Ва Яҳудои Исқарют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ӯро ба онҳо таслим кунад.

11. Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд, ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар ҷустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад.

Фисҳи охирин.

12. Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: “Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?“

13. Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: “Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед,

14. Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: “Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?“

15. Вай ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёрӣ бинед“.

16. Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд, ва чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.

Фисҳ.

17. Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад.

18. Ва ҳангоме ки нишаста таом мехӯрданд, Исо гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехӯрад, Маро таслим хоҳад кард“.

19. Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: “Оё ин манам?“ Ва дигаре: “Оё ин манам?“

20. Лекин Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: “Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад.

21. Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт”.

Таоми шоми муқаддас.

22. Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: “Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст“.

23. Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд.

24. Ва ба онҳо гуфт: “Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисёр касон рехта мешавад.

25. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Худо маи тоза бинӯшам“.

Имтиҳони имони шогирдон.

26. Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.

27. Ва Исо ба онҳо гуфт: “Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст: “Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд“.

28. Аммо пас аз эҳё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт.

29. Петрус ба Ӯ гуфт: “Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам“.

30. Исо ба вай гуфт: “Ба рости ба ту мегӯям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.

31. Лекин вай бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар мегуфт: “Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, ҳам Туро ҳаргиз инкор накунам“. Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.

Исо дар Ҷатсамонӣ маҳзун мешавад ва дуо мегӯяд.

32. Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогидонаш гуфт:“Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гӯям“.

33. Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд.

34. Ва ба онҳо гуфт: “Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед“.

Дуои якум.

35. Ва, каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ бигзарад;

36. Ва гуфт: “Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон, лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту“.

37. Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: “Эй Шимъӯн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ?

38. Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон“.

Дуои дуюм.

39. Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.

40. Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд.

Дуои сеюм.

41. Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: “Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст, инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;

42. Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад“.

Таслим кардани Яҳудо ва ҳабс шудани Исо.

43. Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби саркоҳинон, китобдоднон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.

44. Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфт буд: “Ҳар киро бибӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунеду бо эҳтиёт баред“.

45. Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: “Эй Устод! Эй Устод!“ Ва Ӯро бӯсид.

46. Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд.

Исоро ҳама тарк карданд.

47. Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гӯши вайро бурида партофт.

48. Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: “Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед;

49. Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд”.

50. Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд.

51. Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро бо чодире печонда, аз ақиби Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.

52. Лекин вай чодирро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт.

Исо ба ҳузури пирон.

53. Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.

54. Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин аз паи Ӯ равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.

55. Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд.

56. Зеро бисёр касон бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдигар мувофиқ набуд.

57. Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ дода, гуфтанд:

58. „Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт ’’Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад’’”.

59. Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд.

60. Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо пурсид: “Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?“.

61. Аммо Ӯ хомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: “Оё Ту Масеҳ Писари Худои Мутабаррак ҳастӣ?“.

62. Исо гуфт: “Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд“.

63. Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: “Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем?

64. Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?“ Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд.

65. Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: “Нубувват кун“. Ва хизматгорон Ӯро торсакӣ мезаданд.

Петрус Худованди худро инкор мекунад.

66. Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад

67. Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: “Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ“.

68. Лекин вай инкор карда, гуфт: “Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ“. Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад.

69. Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт: “Ин яке аз онҳост“.

70. Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд: “Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст“.

71. Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: “Он Одамро, ки мегӯед, намешиносам“.

72. Ҳамон дам хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки Вай гуфта буд: “Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“. Ва оғоз ба гиристан намуд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up