Марқӯс, Боби 16

↑ мазмун

Эҳёи Исо ва воқеаҳои ин рӯз

1. Баъд аз гузаштани шанбе, Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунад.

2. Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулӯ кард, онҳо ба сари қабр омаданд,

3. Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: “Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?“

4. Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисёр бузург буд.

5. Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.

6. Вай ба онҳо гуфт: “Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд.

7. Лекин рафта, ба шогидони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо хоҳед дид”.

8. Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.

Фармоиш дар бораи вазифа.

9. Саҳарии рӯзи якшанбе эҳё шуда, аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.

10. Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирёну нолон буданд, хабар дод;

11. Лекин онҳо чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, бовар накарданд.

12. Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.

13. Ва онҳо баргашта, ба дигарон хабар доданд, лекин ба онҳо низ бовар накарданд.

14. Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳё шуда дида буданд, бовар накарданд.

15. Ва ба онҳо гуфт: “Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед.

16. Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот хоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.

17. Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон хоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;

18. Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ёбанд“.

Сууди Исо.

19. Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.

20. Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломати баъдина каломро собит мегардонд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.