Menu Schließen

↑ мазмун

Хизматгузории Яҳёи Таъмиддиҳанда; Шаҳодати ӯ дар бораи Исо.

1. Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,

2. Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.

3. „Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи ӯро рост кунед“,

4. Яҳёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.

5. Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Ӯрдун аз вай таъмид меёфтанд.

6. Яҳё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд.

7. Ва мавъиза карда, мегуфт: “Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ӯро воз кунам;

8. „Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳад дод“.

Таъмиди Исо.

9. Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Ӯрдун аз Яҳё таъмид ёфт.

10. Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад.

11. Ва овозе аз осмон даррасид: “Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст“.

Озмоиши Исо.

12. Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.

13. Ва Ӯ чиҳил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо даррандагон рӯз мегузаронд, ва фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд.

Исо ба мавъиза кардан шурӯъ менамояд.

14. Пас аз он ки Яҳё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,

15. Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед. Ва ба Инҷил имон оваред“.

Даъват кардани Петрус ва Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно.

16. Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳри тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.

17. Ва Исо ба онҳо гуфт: “Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам“.

18. Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.

19. Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тӯрҳои худро таъмир мекунанд,

20. Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.

Исо дар Кафарнаҳум девҳоро берун мекунад.

21. Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд.

22. Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.

23. Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарёд зада, гуфт:

24. „Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қудуси Худо!“

25. Исо вайро манъ карда, гуфт: “Хомӯш шав ва аз вай берун ой!“

26. Рӯҳи палид вайро ба ларза андохта, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд.

27. Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: “Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?“

28. Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.

Шифо ёфтани модарарӯси Шимъӯн.

29. Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд.

30. Модарарӯси Шимъӯн дар ҳолати табларза хобида буд, ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.

31. Ва Ӯ наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.

Берун кардани девҳо ва шифо додани касони бисёр.

32. Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд.

33. Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.

34. Ва Ӯ бисёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.

Мавъизаи Исо дар Ҷалил.

35. Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.

36. Шимъӯн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд;

37. Чун Ӯро ёфтанд, гуфтанд: “Ҳама Туро меҷӯянд“.

38. Ӯ ба онҳо гуфт: “Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам“.

39. Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.

Шифо ёфтани махавӣ.

40. Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: “Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ“.

41. Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: “Мехоҳам, пок шав!“

42. Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид.

43. Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд

44. Ва ба вай гуфт: “Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад“.

45. Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ӯ дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр дар ҷойҳои хилват рӯз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up