Menu Schließen

↑ мазмун

Исо дар рӯзи шанбе дасти хушкшударо шифо медиҳад.

1. Ва боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт.

2. Ва аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки Ӯро айбдор кунанд.

3. Пас ба марди дастхушк гуфт: “Дар миёнҷо биист“.

4. Ва ба онҳо гуфт: “Дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст- некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?“ Лекин онҳо хомӯш монданд.

5. Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: “Дасти худро дароз кун“. Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.

6. Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.

Фаъолияти Исо дар тамоми мамлакат вусъат меёбад.

7. Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи баҳр омад, ва мардуми бисёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ӯ равона шуданд,

8. Ва аз Ерусалим, Адӯм ва он тарафи Ӯрдун ва аз музофоти Сӯр ва Сидӯн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд.

9. Ва ба шогирдони Худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ӯ муҳайё бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд.

10. Зеро бисёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ӯ мешитофтанд, то Ӯро ламс кунад.

11. Ва авроҳи палид, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтиданд ва фарёдзанон мегуфтанд: “Ту Писари Худо ҳастӣ“.

12. Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ӯро шӯҳрат надиҳанд.

Интихоб шудани дувоздаҳ нафар.

13. Пас аз он бар фарози кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд; онҳо назди Ӯ омаданд.

14. Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад,

15. Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд.

16. Ва таъин кард Шимъӯнро, ки Петрус ном ниҳод;

17. Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бӯнарҷис, яъне „писарони раъд“ ном ниҳод;

18. Ва Андриёс ва Филиппус ва Барталамо ва Матто ва Тумо ва Яъқуб ибни Ҳалфой ва Таддо ва Шимъӯни Қанно

19. Ва Яҳудои Исқарютро, ки Ӯро таслим кард.

Хешовандони Исо барои Ӯ хавотир доранд.

20. Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.

21. Ва хешони Ӯ, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст.

Китобдонон Исоро маломат мекунанд.

22. Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал-Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад.

23. Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: “Чи гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?

24. Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад;

25. Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;

26. Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад.

27. Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад, – ва пас аз он хонаи вайро ғорат мекунад.

28. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошад, омурзида мешавад;

29. Лекин ҳар ки ба Рӯҳулқудс куфр гӯяд , то абад омурзида нашавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум гардад.”

30. Зеро ки гуфтанд: “Ӯ рӯҳи палид дорад“.

Хешовандии ҳақиқӣ дар Исо.

31. Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва ба Ӯ касеро фиристода, Ӯро талаб намуданд.

32. Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: “Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд“.

33. Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: “Кист модари Ман ва бародарони Ман?“

34. Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, назар афканда, гуфт: “Инак модари Ман ва бародарони Ман;

35. Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up