Menu Schließen

↑ мазмун

Масалҳо дар бораи Малакути Худо.

Дар бораи коранда.

1. Ва боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисёр назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.

2. Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:

3. „Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;

4. Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд;

5. Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;

6. Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд;

7. Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида онро пахш карданд, ва самаре надод;

8. Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад“.

9. Ва ба онҳо гуфт: “Ҳар ки гӯши шунаво дорад, бишнавад!“

10. Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд.

11. Ва ба онҳо гуфт: “Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,

12. Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо руҷӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омурзида шавад“.

Шарҳи масали коранда.

13. Ва ба онҳо гуфт: “Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?“

14. Коранда каломро мекорад.

15. Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.

16. Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро қабул мекунанд,

17. Лекин дар худ реша надоранд ва ноустуворанд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.

18. Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд,

19. Андешаҳои дунёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.

20. Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанд, ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад“.

Масал дар бораи шамъ.

21. Ва ба онҳо гуфт: “Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?“

22. „Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки зуҳур наояд“.

23. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!“

24. Ва ба онҳо гуфт: “Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.

25. Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад“.

Сабзиши нонамоён.

26. Ва гуфт: “Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,

27. Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;

28. Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша;

29. Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст“.

Масал дар бораи донаи хардал.

30. Ва гуфт: “Малакути Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?“

31. Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст.

32. Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд”.

33. Ва бо ин гуна масалҳои бисёр, ба қадре ки тавонои шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард;

34. Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маъноро ба шогирдони Худ мефаҳмонд.

Исо тундбодро ором мекунад.

35. Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: “Ба канори дигар бигзарем“.

36. Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.

37. Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,

38. Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: “Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?“

39. Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: “Хомӯш шав ва ором бош“. Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид.

40. Ва ба онҳо гуфт: “Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?“

41. Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: “Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up