Menu Schließen

↑ мазмун

Исо аз нав дар Носира.

1. Аз он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд.

2. Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд: “Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст ки чунин мӯъҷизот аз дасти Ӯ содир мегардад?

3. Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марям ва бародари Яъқуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?“ Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд.

4. Лекин Исо ба онҳо гуфт: “Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ“.

5. Ва дар он ҷо ҳеҷ мӯъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод.

6. Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.

Исо 12 шогирдонро мефиристад, то ки мавъиза намоянд ва шифо диҳанд.

7. Пас он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба ҷуфт-ҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид қурат дод.

8. Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на тӯрбае, на ноне, на пуле, на камарбанд,

9. Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.

10. Ва ба онҳо гуфт: “Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед, то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед.

11. Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд“.

12. Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;

13. Бисёр девҳоро берун карданд ва бисёр беморонро равған молида шифо доданд.

Қатли Яҳёи Таъмиддиҳанда.

14. Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, – зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд,- гуфт, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.

15. Баъзе мегуфтанд, ки ин Илёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст, ё чун яке аз пайғамбарон.

16. Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт: “Ин ҳамон Яҳёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо кардам; вай аз мурдагон эҳё шудааст“.

17. Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филиппус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.

18. Зеро Яҳё ба Ҳиродус гуфта буд: “Зани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест“.

19. Пас Ҳиродия ба Яҳё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист.

20. Зеро ки Ҳиродус аз Яҳё метарсид, вайро марди одилу муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушӣ мешунид.

21. Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост,

22. Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: “Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам“.

23. Ва қасам ёд кард, ки “ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам“.

24. Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки“ чӣ талаб кунам?“ Модараш ҷавоб дод: “Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро“.

25. Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт: “Мехоҳам каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунӣ“.

26. Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.

27. Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад;

28. Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.

29. Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд.

Баргаштани 12 ҳаввориён.

30. Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд.

31. Ӯ ба онҳо гуфт: “Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед“. Зеро омаду рафт чунон бисёр буд, ки фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.

Сер шудани панҷ ҳазор мард.

32. Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд.

33. Чун мардум онҳоро диданд, бисёре онҳоро шинохтанд, аз ҳамаи шаҳрҳо пиёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд.

34. Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд; ва онҳоро бисёр таълим додан гирифт.

35. Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада гуфтанд: “Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд;

36. Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю музофоти ин деҳот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки ҳеҷ хӯроке надоранд“.

37. Ӯ дар ҷавобашон гуфт: “Шумо ба онҳо хӯрок диҳед“. Ба Ӯ гуфтанд: “Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?“

38. Аз онҳо пурсид: “Чандто нон доред? Рафта бинед“. Онҳо дарёфта, гуфтанд: “Панҷ нон ва ду моҳӣ“.

39. Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро даста-даста бар сабза шинонанд.

40. Пас қатор-қатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд.

41. Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард.

42. Ҳама хӯрданду сер шуданд;

43. Ва аз пораҳои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;

44. Хӯрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.

Исо бар баҳр қадам мезанад.

45. Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.

46. Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад.

47. Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд.

48. Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наздикии поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад.

49. Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарёд заданд.

50. Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: “Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед“.

51. Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд.

52. Зеро ки мӯъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.

Исо назди баҳри Ҷинесор шифо медиҳад.

53. Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд ва лангар андохтанд.

54. Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд.

55. Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд.

56. Ва ба ҳар ҷо, ки Ӯ ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up