Тафсири Навиштаҳои Пок барои масеҳиён - Паймони Навин

Муаллиф: Вилям Макдоналд

Матни асл: BBC – Believer’s Bible Commentary – New Testament

© 1989 by William MacDonald

Нашри тоҷикӣ барои интернет: с. 2009, ш. Душанбе

Рӯйхати бобҳо барои хондан ва ё download

Аз пешгуфтори муаллиф:

Мақсади китоби “Тафсири Навиштаҳои Пок барои масеҳиён” — ба масеҳии оддӣ дар сар кардани омӯзиши ҷиддии Каломи Худо ёрӣ додан аст. Аммо бояд дар ёд дошт, ки ҳеҷ як китоби тафсир наметавонад Навиштаҳои Покро иваз кунад. …

Ман боварӣ дорам, ки ба шарофати омӯзиши бонизоми Навиштаҳо ҳар як масеҳӣ “коркуне [мегардад] ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад” (2Тим. 2:15). …

Навиштаи Покро донистан кофӣ нест. Суханро дар амалияи ҳаёт истифода бурдан лозим аст. Бинобар ин тафсир мекӯшад машварат диҳад, ки чӣ гуна Навиштаи Пок метавонад дар ҳаёти марди Худо амалӣ гардад. …

Бигзор Рӯҳи Пок, ки нависандагони Навиштаҳои Покро фаро мегирифт, роҳи хонандаро сӯи мақсади мӯъҷизаосо — дарки Худо ба воситаи Сухани Ӯ — равшан намояд.

Тафсир чист?

Тафсир тавзеҳ медиҳад ва ё қайдҳое мекунад, ки барои фаҳмидани матн (умедворем) ёрӣ медиҳанд — оят ба оят ё банд ба банд. … Тафсир беҳтарин эзоҳоти матни Навиштаҳои Покро дар шакли хаттӣ пешкаш карда, оят ба оят меомӯзад ва Сухани Худоро мавъиза мекунад.

Мундариҷа/ руҷӯъҳои таълимотӣ

Ба ғайр аз тавзеҳи оят ба ояти Навишта ин тафсир дар руҷӯъҳо ба мавзӯъҳои муҳими таълимотии Навишта муроҷиат мекунад. Барои ёфтани ин руҷӯъҳо қисми 1 — “Мундариҷа ва пешгуфторҳо”-ро кушоед.

Рӯйхати бобҳо барои хондан ва ё download

Мазмунҳои монанд




мактубҳои хонандагон
Нав

Ҳеҷ чиз ёфт намешавад.