Menu Schließen

↑ мазмун

Ҳар кӣ  имон оварад ва Худовандро мехонад, наҷот хоҳад ёфт.

1. Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.

2. Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.

3. Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;

4. Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.

5. Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: “Ҳар кӣ онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист“

6. Аммо адолате ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: “Дар дили худ нагӯ: ’’Кӣ ба осмон сууд мекунад?’’ – барои он ки Масеҳро поён фурорад.

7. Ё: “Кӣ ба варта нузул мекунад?“ барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.

8. Аммо вай чӣ мегӯяд? Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст, яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.

9. Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;

10. Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст.

11. Зеро Навиштаҳо мегӯяд: “Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд“

12. Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст.

13. Зеро ‘‘ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт’’.

14. Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?

15. Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза мекунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: “Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!“

16. Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: “Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?“

17. Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва ваъз ба воситаи каломи Худост.

18. Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: “Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дунё расид“.

19. Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегӯяд: “Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳм шуморо ба хашм хоҳам овард“.

20. Ва Ишаъё далерона мегӯяд: “Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷӯёи Ман набуданд“.

21. Аммо дар бораи Ӯ мегӯяд: “Тамоми рӯз дастҳои Худро сӯи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам“.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up