Menu Schließen

↑ мазмун

На тамоми Исроил сангдил хоҳад шуд.

1. Пас, ман мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз сибти Бинёмин ҳастам.

2. Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Илёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда мегӯяд:

3. „Худовандо! Анбиёи Туро онҳо куштанд, қурбонгоҳ-ҳои Туро вайрон карданд; танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд“

4. Аммо Худо ба ӯ чӣ ҷавобе дод? ‘‘Ҳафт ҳазор одамро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам“.

5. Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст.

6. Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагарна файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, вагар на амал дигар амал нашуда мемонд.

7. Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд,

8. Чунон ки навишта шудааст: “Худо ба онҳо рӯҳи хоби гарон дод, ва чашмоне ки намебинанд, ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд“

9. Довуд низ мегӯяд: “Бигзор сурфаи онҳо барои сазояшон ба доме, капқоне ва тузоқе мубаддал гардад;

10. Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва тахтапушти онҳо абадан хам шавад“.

Даъват шудани халқҳо тарғиб аст барои Исроил.

11. Пас, ман мегӯям: оё онҳо то ба дараҷае пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтиданд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то ки рашки онҳоро ба вуҷуд оварад.

12. Ва агар пешпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бошад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахш хоҳад буд!

Имондорон набояд мағрур шаванд, балки бо фурӯтанӣ бар ҳасби имон дар меҳрубонии Худо собит бимонанд.

13. Ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун ҳаввории халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам:

14. Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.

15. Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳё аз мурдагон, чӣ хоҳад буд?

16. Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.

Огоҳонидани халқҳо аз ҳавобаландӣ.

17. Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста ҷудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ,

18. Пас назди он шохаҳо мағрур машав; ва агар мағрур шавӣ, бидон, ки ту решаро нигоҳ надоштаӣ, балки реша туро нигоҳ доштааст.

19. Ту хоҳӣ гуфт: “Шохаҳо шикаста ҷудо шудаанд, то ки ман пайванд шавам“.

20. Бале. Онҳо ба сабаби беимонӣ шикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ғурур макун, балки битарс.

21. Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон нахоҳад дод.

22. Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.

23. Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад.

24. Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни хуб пайванд хоҳанд шуд.

Наҷоти қатъии Исроил.

25. Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд.

Бахшоишҳо ва даъвати Худо тағйирнопазир аст, муқаддароти Ӯ ақлнорас ва роҳҳои Ӯ таҳқиқнашаванда аст.

26. Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст: “Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард;

27. Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам“.

28. Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо, лекин ба сабаби интихоб, онҳо маҳбубанд ба хотири падарон;

29. Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағйирнопазир аст.

30. Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат накардед, вале алҳол, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед,

31. Ҳамчунин онҳо низ ҳоло итоат накарданд, то ки худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд.

32. Зеро ки Худо ҳамаро ба беитоатӣ дучор овардааст, то ки ҳамаро марҳамат кунад.

Ҷалол додани роҳҳои мӯъҷизаосои Худо.

33. Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!

34. Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?

35. Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад?

36. Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up