Menu Schließen

↑ мазмун

Ҳаёти имондорон хизматгузoрӣ ба Худост.

1. Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;

2. Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.

Бахшоишҳои файзи Худо дар хизматгузорӣ ба калисост.

3. Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато шудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед.

4. Зеро, чунон ки дар як бадан андоми бисёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд,

5. Ҳамчунин мо, ки бисёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳои андоми якдигарем;

6. Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем; агар атои нубувват доша бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун;

7. Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;

8. Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кӣ бахшанда аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷудду ҷаҳд сардорӣ кунад; ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад.

Мушоракати бародарӣ.

9. Муҳаббати шумо бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед;

10. Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед.

11. Ҷидду ҷаҳдро суст накунед, рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед.

12. Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.

13. Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.

14. Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд; баракат бихоҳед, вале лаънат нахоҳед.

15. Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунадагон гиря кунед.

16. Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.

Муҳаббати масеҳӣ бадиро бо некӣ мағлуб мекунад.

17. Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед.

18. Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед.

19. Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: “Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд“.

20. Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт.

21. Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up