Menu Schließen

↑ мазмун

Дар бораи касони сустимон ва қавиимон.

1. Дар бораи лутфу марҳамат ба сустиҳои дигарон.

1. Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.

2. Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама чиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехӯрад.

3. Касе ки мехӯрад, набояд он касе, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, маҳкум кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст.

4. Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ӯ меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ӯро ба по бархезонад.

2. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.

5. Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рӯзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.

6. Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.

7. Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад.

8. Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.

9. Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.

10. Пас чаро ту бародаратро маҳкун мекунӣ? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӣ? Охир ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд.

11. Зеро ки навишта шудааст: “Қасам ба ҳаёти Худам мегӯяд Худованд: пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард“.

12. Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.

3. Боиси васваса шудан лозим нест.

13. Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.

14. Ман медонам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он чи наҷис аст.

15. Ва агар бародарат аз барои хӯрок озурда шавад, ту дигар аз рӯи муҳаббат рафтор намекунӣ; бо хӯроки худ он касро, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст, нобуд накун.

16. Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд.

17. Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулҳу осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.

18. Ва ҳар кӣ ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.

19. Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем.

20. Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.

21. Беҳтар аст, ки гушт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ё суст шудани бародарат мегардида бошад.

22. Имоне ки ту дорӣ, барои худат, дар пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи баргузидааст, маҳум намекунад.

23. Аммо он ки шубҳа дорад, агар бихӯрад, маҳкум мегардад, чунки ин корро аз рӯи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.

Ҷалол додани Худо.

24. Ба Ӯ, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ба ҳасби башорати ман ва мавъизаи Исои Масеҳ, ба ҳасби кашфи он сирре ки аз замонҳои азаллӣ ниҳон буд,

25. Вале алҳол зоҳир шуда, ба воситаи навиштаҳои анбиё, бо амри Худои ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ки ба итоати имон дароянд,

26. Ба Худои ҳакими якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up