Menu Schließen

↑ мазмун

4. Ҳар яке ба бародараш бар ҳасби намунаи Масеҳ мадад бирасонад.

1. Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем.

2. Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай барои тақвияти вай аст.

3. Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худо набуд, балки чунон ки навишта шудааст: “Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодааст“.

Имондороне ки аз байни халқҳо ва яҳудиён ҳастанд, калисои ягонаи Масеҳро ташкил мекунанд.

4. Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.

5. Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед.

6. То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед.

7. Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.

8. Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад.

9. Ва барои он ки халқҳо Худоро ба хотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст: “Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард“

10. Ва боз гуфта шудааст: “Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед“.

11. Ва боз: “Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва, эй ҳамаи қавмҳо, Ӯро ҳамду сано гӯед“.

12. Ишаъё низ мегӯяд: “Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ӯ барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст“.

13. Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулқудс умедатон афзун гардад.

Хотимаи нома:

1. Ваколати Павлус барои навиштани ин нома.

14. Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.

15. Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гӯё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст.

16. Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.

17. Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;

18. Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,

19. Бо қуввати аломоту мӯъҷизот, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро интишор кардаам,

20. Дар айни ҳол ман саъю кӯшиш намудаам, на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳкурсии дигарон бино накунам,

21. Балки, чунон ки навишта шудааст: “Онҳое ки хабари Ӯро наёфтаанд, хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид“.

2. Нақшаи сафар.

22. Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисёр ба омадани ман назди шумо монеъ шуд.

23. Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзурмандам, ки назди шумо биёям,

24. Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.

25. Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам,

26. Зеро ки аҳли Мақдуния ва Охоия салоҳ донистанд ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристонанд.

27. Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишӣ низ хизмат кунанд.

28. Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт.

29. Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.

30. Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,

31. То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад.

32. Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биёям ва бо шумо ором ёбам.

33. Ва Худои сулҳу осоиштагӣ бо ҳамаи шумоён бод. Омин.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up