Menu Schließen

↑ мазмун

Павлуси ҳавворӣ калисои Румро табрик менамояд.

1. Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,

2. Ки онро Худо пештар, ба воситаи анбиёи Худ, дар Навиштаҳои муқаддас ваъда карда буд

3. Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,

4. Ва ба ҳасби рӯҳи қудсият, ба воситаи эҳё шуданаш аз мурдагон, чун Писари Худо маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ,

5. Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,

6. Ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастед,

7. Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасӣ даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагӣ бар шумо бод.

Хоҳиши ҳавворӣ ба рафта дидани калисои Рум.

8. Пеш аз ҳама ба Худои худ ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст.

9. Худое ки Ӯро дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи худ ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам.

10. Ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки иродаи Худо ягон вақт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям.

11. Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям,

12. Яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.

13. Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед аз ин ки дафъаи бисёр ният доштам назди шумо биёям, лекин то кунун чизе ба ман монеъ мешуд, то ки дар миёни шумо низ, монанди халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам.

14. Ман нисбат ба юнониён ва варвариён, нисбат ба оқилон ва ҷоҳилон, дайне ба гардан дорам;

15. Пас, роғиби онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.

Эътирофи ҳавворӣ дар бораи башорати Масеҳ.

16. Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.

17. Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: ’’Одил ба василаи имон хоҳад зист’’.

Ҳамаи одамон ба наҷот эҳтиёҷ доранд. Гуноҳи халқҳо ва доварии Худо бар онҳо.

18. Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд.

19. Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст;

20. Зеро ки моҳияти намоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.

21. Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд:

22. Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,

23. Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мурғон, чорпоён ва хазандагон монанд аст,

24. Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд;

25. Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин.

26. Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;

27. Ҳамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд.

28. Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шинохтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,

29. Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадхӯӣ пур ҳастанд,

30. Бадгап, тӯҳматчӣ, худобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеша ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд,

31. Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.

32. Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up