Румиён, Боби 2

↑ мазмун

Гуноҳи яҳудиён ва ғазаби Худо бар онҳо.

1. Бинобар ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошӣ ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳум карда, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунӣ.

2. Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо баҳақ аст.

3. Наход ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?

4. Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиноӣ мекунӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?

5. Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ба зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонӣ,

6. Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:

7. Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;

8. Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.

9. Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!

10. Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яҳудӣ ва ҳам ба юнонӣ!

Шариат ва хатна наҷот намедиҳанд.

11. Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.

12. Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд,

13. Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;

14. Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд;

15. Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд,

16. Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.

17. Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такя мекунӣ, ва аз шинохтани Худо меболӣ.

18. Ва иродаи Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ,

19. Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот,

20. Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кӯдакон ҳастӣ, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ,

21. Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, худатро таълим намедиҳӣ?

22. Ваъз мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале худат дуздӣ мекунӣ! Мегӯӣ, ки ’’зинокорӣ накун’’, вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунӣ!

23. Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрӯи Худоро мерезонӣ!

24. Зеро ки ба туфайли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни халқҳо исми Худоро хор медоранд.

25. Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мебаддал шуд.

26. Пас, агар номахтуне фамудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?

27. Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ?

28. Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рӯи қиёфати зоҳири чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,

29. Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин чунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.