Румиён, Боби 3

↑ мазмун

Худо дар доварии Худ амин ва одил аст.

1. Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад?

2. Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.

3. Зеро ки чӣ гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?

4. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст: ’’То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ ва дар доварии Худ ғолиб оӣ’’.

5. Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, беадолат аст? Инро ман ба таври муҳокимаи одами мегӯям.

6. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад?

7. Зеро ки агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре маҳкум мешавам?

8. Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегуфта бошем: ’’Биёед бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад’’? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.

Ба гуноҳ гирифтор будани ҳамаи одамон.

9. Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардаем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд,

10. Чунон ки навишта шудааст:’’Касе одил нест, як нафар ҳам нест;

11. Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест;

12. Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.

13. Гулӯяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст;

14. Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст;

15. Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;

16. Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост;

17. Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд.

18. Дар пеши чашмашон тарси Худо нест’.

19. Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,

20. Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.

Гуноҳкор фақат ба хотири Масеҳ ба воситаи имон сафед мешавад.

21. Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд,

22. Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,

23. Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.

24. Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд,

25. Ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд,

26. Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.

27. Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? Не, балки ба шариати имон.

28. Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.

29. Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳам нест? Албатта Худои халқҳо ҳам мебошад;

30. Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.

31. Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.