Румиён, Боби 6

↑ мазмун

3. Озод шудан аз қуввати гуноҳ ва мамот.

1. Пас чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ бимонем, то ки файз зиёд шавад? Ба ҳеҷ ваҷҳ.

2. Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем?

3. Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Исои Масеҳ таъмид ёфтаем, дар мамоти Ӯ таъмид ёфтаем?

4. Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.

5. Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳёи Ӯ низ пайванд хоҳем буд.

6. Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки ҷисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем;

7. Чунки мурда аз гуноҳ фориғ аст.

8. Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ низ хоҳем зист.

9. Зеро медонем, ки чун Масеҳ аз мурдагон эҳё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ӯ қудрат надорад.

10. Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.

11. Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худовандаи мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед.

12. Пас, бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед;

13. Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар ихтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад.

4. Собит мондан дар мутеӣ, қудсият ва хизматгузории абадӣ ба Худо.

14. Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед.

15. Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем? Ба ҳеҷ ваҷҳ.

16. Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳ гуноҳе барои мамот бошад, хоҳ итоате барои адолат?

17. Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардед.

18. Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.

19. Ба хотири сустии ҷисматон, ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям: чунон ки шумо андоми худро ба бандагии нопокӣ ва шарорат таслим карда, ба шарорат афтода будед, ончунон ҳоло андоми худро ба бандагии адолат барои қудсият вогузор намоед.

20. Зеро вақте ки шумо бандагони гуноҳ будед, аз адолат фориғ будед.

21. Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки ҳоло аз онҳо шарм доред, чунки анҷоми онҳо мамот аст.

22. Лекин ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст, ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист.

23. Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.