Menu Schließen

↑ мазмун

Ҳаёт дар рӯҳ.

1. Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,

2. Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.

3. Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,

4. То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд.

5. Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рӯҳони фикр меронанд.

6. Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ,

7. Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.

8. Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.

9. Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест.

10. Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст.

11. Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.

12. Пас, эй бародарон, мо ӯҳдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунем;

13. Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушед, зинда хоҳед монд.

Касе ки бо файзи Рӯҳулқудс имондор аст, фарзанд-хондагии Худоро қабул мекунад.

14. Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;

15. Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: “Эй Або, эй Падар!“

16. Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.

Анҷоми наҷот фарзандхондагии Худост.

1. Интизории бесаброна ба ҷалоли оянда.

17. Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.

18. Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.

19. Зеро ки махлуқот бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст,

20. Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки

21. Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд.

22. Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад;

23. Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дарунакӣ оҳу нола мекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем.

24. Зеро ки бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?

25. Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.

2. Рӯҳулқудс бо иродаи Худо барои имондорон шафоат мекунад.

26. Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ хусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.

27. Таҳқиқунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад.

28. Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;

29. Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайн кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисёр нахустзода бошад;

30. Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро сафед кардааст, ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.

3. Боварии пур аз ҷалоли фарзандони Худо.

31. Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?

32. Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?

33. Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?

34. Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?

35. Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?

36. Чунон ки навишта шудааст: “Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем“.

37. Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.

38. Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,

39. На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.

© IBT 1992

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

Scroll Up